27 омӯзгор дар ноҳияи Дӯстӣ бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд

Дар ноҳияи Дӯстӣ 27 омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Ҳотамшо Юсуфзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия ба хабарнигори Pressa.tj иттилоъ дод, ки ин иқдом бо ташаббуси раиси ноҳия ва бахшида ба оғози соли нави таҳсил амалӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, чор сол мешавад, ки дар арафаи соли таҳсил омӯзгорони ҷавон ва ниёзманд чунин имконият пайдо мекунанд. Ҳамзамон, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, ба муассисаҳои таълимии ноҳия на танҳо мутахассисони маҳаллӣ, балки омӯзгорон аз дигар минтақаҳои кишвар низ ҷалб шудаанд.

“Таъмини омӯзгорон бо замин ва дастгирии онҳо аз таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад. Омӯзгорони фаъол ва ниёзманд пайваста зери таваҷҷуҳ қарор доранд” – гуфт Юсуфзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *