30 оила аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба Зафаробод кӯч мебанданд

Соли 2021-ум 30 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод мекӯчанд. Бино ба иттилои Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд  Шарифӣ Зайнура,  давоми 3 сол мувофиқи нақша бояд 100 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод кӯчонда шаванд.

Ба гуфтаи Шарифӣ соли  ҷорӣ  30 оила ва солҳои 2022-2023  70 оила бояд аз ин ноҳияи кӯҳӣ ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир шаванд.

Зайнура дар робита ба масъалаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ гуфт:

 — Бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ, ба мавзеъҳои бехавф кӯчондани аҳолӣ, муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчондани муҳоҷирони дохилӣ  ва экологӣ корҳои муайян ба анҷом расонда шуд.

“Масалан, соли 2020 кӯчондани 76 оилаи муҳоҷири дохилӣ ба нақша гирифта шуда буд.  Аз ҷумла:  аз шаҳри Исфара 10 оила ва аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 30 оила ба ноҳияи Данғара, аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 25 оила ва аз ноҳияи Спитамен ба мавзеи Ҳаштяки ноҳияи Зафаробод 11-оила.

Инчунин давоми моҳи ноябри соли 2020 татбиқи Қарори раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба 45 нафар оилаи муҳоҷири дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки давоми соли 2019-2020 ба нақша гирифта шуда буданд, заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим гардид”- афзуд  сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд,  Шарифӣ Зайнура.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *