3700 килло биринҷро 6 моҳ ҳабс кардаанду соҳибашро латукӯб

Ё худ 164 чапроҳаи рӯзи расон дарди сар эҷод мекунанд…

Ду сокини шаҳри Исфара иддао доранд, ки пас аз ҳабси нақлиёту маҳсулоташон борҳо ба Раёсати гумруки вилояти Суғд рафта талаби нақлиёту маҳсулотпашон кардаанд, вале бо маъмурон ба созиш намерасанд. 10-уми октябри соли ҷорӣ маъмурони гумрук дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мошини»Мерседес Спринтер»-ро, ки биринҷ мебурд, бо гумони қочоқӣ будани бораш боздошт карданд.

Баҳс: Биринҷи тоҷикӣ ё қирғизӣ? Оё биринҷи қирғизиро харидан аз бозор ҷиноят аст?

Мақомот то ин лаҳза на қочоқӣ будани борашро исбот карданд ва на мошину биринҷро пас доданианд, мегӯяд Соҳибкор Қурбонхон Охонова .»

-Ин борро аз бозори Исфара харидам. Агар ин навъи биринҷ ба биринҷи қирғизӣ монанд бошад, дар оянда намехарем. Не мегӯянд! Хоҳиш дорам, нақлиёти моро баргардонанд ва борамро ҳам диҳанд, то зиндагиро пеш барем», — гуфт ӯ.

Ронандаи нақлиёти боркаш, Нигора Раҳимова, ҳам шиква дорад, ки ба сабаби дармондани мошинаш дар Раёсати гумрук аз кору даромад маҳрум мондааст: «Нақлиёти ман ҳама ҳуҷҷатҳоро дорад. Як моҳ боз дар баробари Қурбонхон омада меравам, вале натиҷае нест. Хеле харҷ кардам ва кор накарда истодаам.»
Чанд маъмури Раёсати гумрук баъди боздошти маҳсулоташ худи ӯро низ задаанд, — қаблан даъво пешоварда буд, соҳибкор Қурбонхон Охонова.

Аммо намояндагони Раёсати гумруки вилояти Суғд шикояти занро рад карда, баръакс, худи ӯро бемори равонӣ мехонанд. Додситонии шаҳри Хуҷанд ин ҷанҷолро таҳқиқ карда, оғози парвандаи ҷиноиро нисбат ба ҳодиса қатъ намудааст.
Дар қиболи гуфтаи “кормандони гумрук гуфтаанд, азбаски маҳсулот қочоқӣ буд, “ларзиши майнаи сараш”-ро сохтакорӣ кардааст. Қурбонхон Охонова мегӯяд, ки натиҷаи ташхис наметавонад сохтакорона бошад. Чаро, мақомоти гумрук ба хулосаи табибон ҳам бовар накарда аризаи моро қатъ кардаанд, бароям муаммост”— мегӯяд ҷабрдида.

Охонова чунин ҷароҳат бардоштанашро дасти кори Н.Ш., як бозраси Раёсати гумрук дар вилояти Суғд медонад. Кӯшиши батакрори Радиои Озодӣ барои тамос гирифтан бо ин бозрас натиҷа надод.

Ба гуфтаи Нигора Раҳимова, ки шоҳиди ин ҳолат будааст, дар Раёсати гумрук байни корманди ин ниҳод Н.Ш. ва соҳибкорзан Қурбонхон Охонова баҳс сар задааст, ки баъдан ба муноқиша печидаву ӯро задаанд ва сараш зарб хӯрдааст.

Як корманди Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки низ шоҳиди ҳодиса будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат кормандони онҳо 3700 кило биринҷи овардаи Охоноваро ҳабс карданд, “чун моли қочоқӣ буд, вале нисбаташ ҳеч бадрафторӣ сурат нагирифтааст». Амволи Қурбонхон Охоноваро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳабс карданд, ки шаш моҳ боз баста мебошад.

Занон талаб доранд, ки мақомоти болоӣ бояд зуд ба ин мушкилоташон расидагӣ кунанд, зеро дар таъмини рӯзгори худу фарзандонашон ба мушкил дучор шудаанд.

Масъалаи қочоқи молу маҳсулот дар шимоли Тоҷикистон, ки бо Қирғизистону Узбекистон ҳамсарҳад аст, аз мавзуъҳои доғ ба шумор меравад. Дар гузашта Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, гуфта буд, ки дар онҷо «зиёда аз 164 чапроҳа ҳаст.»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.