40 ҳазор долларро ба дуздон «Худо доду саришта карда натавонистанд» (аудио)

ВКД-и Тоҷикистон рӯзи 13-уми апрел дар сомонааш аз ошкор шудани дуздии беш аз 40 ҳазор доллар аз як мағоза дар ноҳияи Фархор ва боздошти ду гумонбар хабар дод.

Яке аз гумонбарон 18 ва дуюмӣ ҳамагӣ 17 сол дорад. Дастгиршудаҳо Раҳматов Бахтиёр, соли таваллудаш 2004 ва Файзализода Фирдавс, соли таваллудаш 2005, сокинони деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.

Бино ба гузориши Офоқ Қодириён, “дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки ин ду нафар шаби 15-уми марти соли равон бо маслиҳати пешакӣ, ки мақсадашон дуздии молу ашёҳои мағозаи шаҳрванд Гулов Холназар, сокини ноҳия Фархор буд, роҳ ба ҷониби хонаи соҳибмулк мегиранд. Номбурдагон аз набудани одамони гирду атроф истифода намуда, вориди саҳни ҳавлии шаҳрванд Гулов Холназар гашта, аз он ҷо як оҳани дарозшакл гирифта, қулфи дари мағозаро шикаста, ғайриқонунӣ ворид мегарданд. Сипас аз дохили мағоза ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокия»-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдида ба маблағи 690 000 (шашсаду навад ҳазор) сомонӣ зарари махсусан калон расонидаанд”.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *