400 МВт «энергияи сабз» ба Тоҷикистон меояд
Тоҷикистон бо ширкати «Masdar» аз Имороти Муттаҳидаи Араб масъалаи бунёди нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 400 МВт-ро баррасӣ кард.
Музокирот 14-уми январ дар шаҳри Абу Забӣ бо иштироки Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои Вазорати энергетика, ҷонибҳо таъкид карданд, ки бунёди нерӯгоҳи офтобӣ ба афзоиши иқтидорҳои тавлиди «энергияи сабз», диверсификатсияи манбаъҳои энергетикӣ ва устувории низоми энергетикии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, Манучеҳр Сафарзода омодагии Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи барқароршаванда изҳор намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ