Роҳи мушкилгузари Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад
Мақомоти тоҷик барои таъмир ё бозсозии роҳи мушкилгузари Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ бо як ширкати кувайтӣ шартнома бастаанд.
Созишмнома байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “NARCO” – и Кувайт, ки 29-уми декабри соли 2025 имзо шуда буд, аз 12 январи соли 2026 эътибор пайдо кард.
Ба иттилои вазорат, дарозии роҳ 162 км аст. Сохтмони он дар ду қисмат, аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва аз он ҷо то деҳаи Деҳҳисори ин ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар тӯли роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар дар назар аст. Аммо гуфта нашудааст, ки бунёди ин роҳ кай оғозу анҷом меёбад.
Танҳо зикр шудааст, ки ширкати машваратии “NARCO”-и Кувайт ҳамроҳ бо “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ – ПЛИН”-и Вазорати нақлиёт ба таҳияи лоиҳаи роҳ шуруъ кардаанд.
Роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ солҳои 60-уми қарни гузашта сохта шудааст. Аз замони бунёд то имрӯз ин роҳ таъмир нашуда, ҳаракат дар он, бахусус дар фасли зимистон душвор ва хатарнок аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ