Пули нақби «Истиқлол»-ро хӯрдаанд. Кӣ ҷавоб медиҳад?

Дилмурод Давлатов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, зимни санҷиши сохтмони нақби “Истиқлол”, беш аз 4 миллиону 13 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. 

Давлатов изҳор дошт, ки бештари ин зарар аз ҳисоби изофанависиҳо дар сохтмони нақби “Истиқлол” расонда шудааст. Ин дар ҳолест, ки нақби Истиқлол бо гузашти 18 сол аз оғози сохтмон ҳоло ҳам дар ҳолати ногувор қарор дорад. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон 1 августи соли равон гуфт Тоҷикистон аз ҷумҳурии исломии Эрон боз хостааст, барои анҷоми сохтмони нақби нотамоми “Истиқолол” маблағи иловагӣ ихтисос бидиҳад: “Мо чунин муроҷиатро ба ҷониби Эрон кардем. Гуфтем мо барои ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ омода ҳастем. Ба ҷониби Эрон чунин пешниҳод рафтааст ва акунун аз тарафи ҳукумати Эрон ин масъала баррасӣ шуда истодааст”.
Аммо ӯ нагуфт, ки аз Эрон чӣ қадар маблағи иловагӣ дархост шудааст. Вазири нақлиёт мегӯяд, ин маблағ барои анҷоми корҳои рангуборкунӣ, равшаннамоӣ, ҳавотозакунӣ, ҳавокашӣ, сӯхторнишонӣ ва системаи назорати видеоӣ лозим аст. Ба иттилои Ганҷалзода, таҷдиду азнавсозии нақби “Истиқлол” ҳоло идома дошта, корҳои бетонкории кафи нақб ва таҷдиду азнавсозии системаи обпартоии он амалӣ шудаанд: “Имрӯз хушбахтона ҳаҷми корҳои обпартоӣ он қадар зиёд нест, камбудиҳо ҳастанд, намӣ ҳаст, лекин хавфнок нест. Иншоот аз тарафи комиссияи корӣ қабул шудааст ва ин комиссия эродҳои худро навишт, барои ислоҳи он ширкати эронӣ кор бурда истодааст”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.