7 роҳи эмин мондан аз сактаи дил
Шумораи фавти одамон бар асари бемориҳои дил торафт меафзояд. Пештар баъди 70-80-солагӣ ба инфаркт ва инсулт гирифтор мешуданд, вале солҳои охир одамони 40-50-сола ва баъзан аз ин ҳам ҷавонтар бар асари сактаи қалбӣ ва дигар касалиҳои дил дунёро падруд мегӯянд.
Табибон мегӯянд, шахсоне, ки худро аз бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он эмин нигоҳ дошта метавонанд, умри дароз мебинанд. Мехоҳед, ки саломатии худро нигоҳ дошта, аз чунин касалиҳо эмин монед? Пас, бо тавсияҳои зерини Ассосиатсияи табибони кардиологи Амрико амал намоед.
1. Сигор накашед!
Душмани аз ҳама бузургтарини дил сигор мебошад. Солим мондан хоҳед, аз баҳри сигор ва дигар анвои тамоку гузаред!
2. Индекси массаи бадани худро санҷед!
Индекси бадани одами солим бояд аз 18,5 то 24,9 кг/м2 бошад. Санҷидани индекси массаи бадан чандон кори душвор нест. Барои ин шумо бояд баландии қади худро чен карда, онро бо квадрат зарб занед. Пас аз ин вазни худро ба адади рақами ҳосилшуда тақсим кунед. Ҳамин тавр, шумо метавонед индекси массаи баданатонро муайян намоед ва дар сурати зиёд буданаш баҳри кам кардани он кӯшиш ба харҷ диҳед. Вазни зиёдатиро бо як роҳи дигар низ ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст. Барои ин шумо бояд миёнатонро чен кунед. Меъёри миёнаи даври миён барои мардон 94 см ва барои занон на бештар аз 80 см мебошад.
3. Машқ кунед!
Машқҳои ҷисмонӣ ба саломатии инсон нақши муҳим доранд. Фаромӯш накунед, ки дар як ҳафта ҳадди ақал шумо бояд 150 дақиқа машқҳои сабук ё 75 дақиқа машқҳои вазнинро анҷом диҳед. Роҳи беҳтарин дар якҷоягӣ анҷом додани ин машқҳост.
4. Ғизои солим хӯред!
Ғизои солим барои саломатӣ хеле муҳим аст. Табибони диетолог тавсия медиҳанд, ки аз машруботи спиртӣ, хӯрдани хӯрокҳои тезу тунд ва шӯр худдорӣ намуда, бештар меваю сабзавоти тару тоза, чормағз, гӯши мурғ ва моҳӣ истеъмол намоед.
5. Сатҳи холестеринро санҷед!
Барои дилпур гаштан аз вазъи саломатии худ ва пешгирӣ намудани касалиҳои дил шумо бояд ҳамеша сатҳи холестеринро дар хунатон санҷида истед. Миқдори миёнаи он 6.
6. Баландшавии фишори хунро пешгирӣ кунед!
Одамон бештар бар асари бемории фишорбаландии шараёнӣ ба касалиҳои дил гирифтор мешаванд. Солим мондан хоҳед, фишори хунатонро ҳамеша санҷида истед ва баландшавии онро пешгирӣ намоед. Фишори одами солим набояд аз 120/80 мм рт боло бошад.
7. Аз касалии қанд эҳтиёт бошед!
Гирифтор шудан ба касалии қанд хатари вайрон шудани кори узвҳои дохилии инсон, аз ҷумла дил ва марги бармаҳалро ба маротиб меафзояд. Барои пешгирии ин ҳолат шумо бояд ҳамеша қанди хунатонро санҷида истед. Миқдори глюкоза дар хуни инсон набояд аз <5,6 ммоль/л зиёд бошад. Ташхиси хун барои бемории қанд дар аксари беморхона ва дармонгоҳҳо ройгон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ