Хатсайри троллейбусҳо дар хиёбони  Исмоили Сомонӣ манъ карда шуд

Тавре,ки аз Маркази матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар доданд, 5 сентябри соли 2016 дар Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе таҳти раёсати  Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хољагидории шањр ва вусъати корњои омодагї ба татбиќи њамаљонибаи чорабинињои марбута рољеъ ба таљлили сазовору пуршукўњи 25-умин солгарди Истиќлолияти давлатї дар шањри Душанбе баргузор гардид.

Дар љаласа, ќабл аз њама Мањмадсаид Убайдуллоев бо инобати аз 26-уми апрел то 3-юми сентябри соли равон дар доираи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукўҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ба фарљом расидани сабќати созандагии 130 рўзи ободонї, барои бо дарки баланди масъулияти шањрдўстї сањми арзанда гузоштани сокинон ва масъулин дар ин маърака, ки воќеан дар бењдошти муњити зист, поксозии њудуди ќитъањои замини истифодаи умуми бинову иншоот дар аксари шањраку мањалла ва атрофи хонањои бисёрхонагї аз ињотагирињои ѓайриќонунї ва барчидани сохтмонњои ёрирасони худсохт наќши муассир гузошт, изњори сипос намуда, афзуд, ки минбаъд низ ин тадбир боз њам таври густардаву фарогирии фарохтар зери масъулияти шахсии раисони ноњияњо бо сафарбарсозии оммавии кулли сокинону фаъолони пойтахт амалї карда мешавад.

Дар ин росто, ба тарроњон ва ширкатњои анљомдодаи дўхти либосњои нави намоиши љашнї сипосмандии худро баён дошта, бо дарназардошти он, ки хиёбони Исмоили Сомонї  тибќи наќшаи тарњрезикардаи шањрдорї дар арафа ва рўзњои љашни беназир ба маркази намоиши дастовардњои даврони соњибистиќолї табдил дода мешавад, дар љаласа Мањмадсаид Убайдуллоев муќаррар сохт, ки  бањри халал нарасонидан ба корњои омодагии масъулин аз 6 то 10 сентябри соли равон њаракати троллейбусњоро тавассути ин хиёбон манъ дошта, бо тавсеаю таќвият бахшидани фаъолияти муназзами дигар воситањои наќлиёт, тадбирњои ороишию насби конструксияњо аз љониби ноњияњо дар ин мавзеъ, асосан ќисмати шабона амалї карда шавад.

Њамзамон, бо дахли дигар масъалањои хољагидории шањр Мањмадсаид Убайдуллоев роњбарони сохторњои марбутаи назорати давлатї, хизматрасонї ва раисони ноњияњоро вазифадор намуд, ки бањри озодаву пероста омодасозии шањр ба истиќболи ин љашни фархундаи давлатї, аз њама нигоњ чорандешї карда, дар њамкорию њамоњангї бо маќомоти њифзи њуќуќи шањрї беш аз њарваќта бобати њифзу таъмини тартиботи љамъиятї дар љойњои баргузории оммавии чорабинињои љашнї ва риояи одобу фарњанги волои шањрнишинї аз љониби сокинон тадбирњои муассирро роњандозї намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *