80% қаламрави Испания ва Португалия бе неруи барқ монданд

 Дар натиҷаи як садамаи азими дар системаи барқ, ки рӯзи душанбе қариб тамоми нимҷазираи Пиренейро фаро гирифт, беш аз 80% қаламрави Испания ва Португалия бе неруи барқ монданд. Ҳоло барқ дар тақрибан 87%-и қаламрави Испания барқарор шудааст.

Ба гуфтаи сарвазири Испания Педро Санчес, сабаби дақиқи қатъшавии барқ ҳанӯз маълум нест, аммо эҳтимол дорад, ки ин ҳодиса дар натиҷаи як падидаи нодири атмосфераи марбут ба тағйирёбии ҳарорат ба амал омада бошад. Аммо масъулини шабакаи барқи Португалия — REN  сабабро ба “вибратсияҳои атмосфераи индуксионӣ” дар хатҳои барқи шиддати баланд нисбат дод.

Қатъшавии барқ ба фаъолияти метро, роҳи оҳан, пардохтҳои электронӣ ва алоқаи мобилӣ дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла Мадрид ва Лиссабон таъсири ҷиддӣ расонд. Дар чанд минтақа ҳолати фавқулодда эълон гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло корҳои барқарорсозӣ идома доранд ва Фаронса барои таъмин бо нерӯи барқи иловагӣ кумак мерасонад.

Мақомот ҳар гуна фарзияро таҳқиқ мекунанд, аммо то ҳол нишонае аз ҳамлаи киберӣ мушоҳида нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *