8,3 млрд сомонӣ сармоягузорӣ ва миллионҳо метри мураббаъ иншоот дар Душанбе
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе беш аз 4,1 миллион метри мураббаъ иншооти маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 –ум 3,6 маротиба зиёд мебошад.
Дар ин бора имрӯз, 5 феврал муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо бо нархҳои муқоисавӣ ба беш аз 8,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 31,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда 3,3 миллиард сомонӣ (40 фоиз) ба маблағгузориҳои давлатӣ, 4,6 миллиард сомонӣ (55 фоиз) ба бахши хусусӣ ва 444 миллион сомонӣ (5 фоиз) ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе айни замон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, меҳмонхонаҳо, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ, марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва роҳҳои мошингарди ду-се қабата (эстакадаҳо) идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ