Аҳмадзода аз Минск бо дастовез бармегардад

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар шаҳри Минск қарор дорад. Ӯ бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Александр Турчин ҳамкориҳои худро ба роҳ монда дар ин самт чанд санади ҳамкорӣ имзо кардааст.

Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки Раҷаббой Аҳмадзодаро дар ин сафар раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо, масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ҳамроҳӣ доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо Александр Турчин иброз дошт, ки ҳамкориҳои миёни минтақаҳо дар ҳоли рушд буда, муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Дар мулоқоти роҳбарони вилоят инчунин масъалаи дастраскунии меваҷоти Тоҷикистон ва бозорҳои Белорус ва воридсозии тухмии картошка аз Белорус ба вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.