Аҳмадзода ба собиқ Сарвазири Тоҷикистон саломатӣ хост

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқ Сарвазири Тоҷикистон, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Оқил Оқиловро аёдат намуд. Ӯ Оқил Оқиловро аз номи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кардааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят,  таъкид гардид, ки саҳми Оқил Оқилов, ки солҳои зиёд ба ҳайси Сарвазири мамлакат кор кардааст, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас аст.

“Роҳбари вилоят ба собиқадори меҳнат тӯҳфаҳои идона супорида, барояш саломатии бардавом ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд”- иттилоъ додааст манбаъ.

Оқил Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфта, соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шӯъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст. Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод фаъолият дошт.

Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Хизматҳои Оқил Оқилов бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, мавсуф айни замон дар нафақа аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.