Ғафуров ба Сталин рӯй меорад

“Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русии доир ба  мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст.”

Ричард Фрай,

таърихнигори амрикоӣ

(Давоми мақола)

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бобоҷон Ғафуров бештар ба таърих рӯй меоварад. Ақибгоҳ ҷабҳаи ваҳдат, ҷабҳаи таъмини озуқа, ҷабҳаи омода сохтани неруи тоза буд. Бузургтарин неру эътимод ба ғалаба буд. Дар ин кор Бобоҷон Ғафуров такя бар аҳли қалам мекунад ва дар заминаи қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик дар масири таърих таърихи халқи тоҷикро аз нав зинда месозад. Асарҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ» ба арсаи адабиёт меоянд. Рӯй овардан ба қаҳрамониҳо — рӯй овардан ба таърихи халқи тоҷик ва ҳидоят ба далерӣ буд.  Бобоҷон Ғафуров бо ҳамкории Н. Прохоров нахустин асари мукаммали таърихӣ – «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти миллии ватани худ»-ро ба анҷом мерасонад. Китоби мазкур 9 майи соли 1944 дар Институти таърихи Академияи илмҳои СССР мавриди муҳокима қарор мегирад.

Таърихнигори Ӯзбекистон профессор Толстов назари муҳаққиқон — қадимтарин сокинони Осиёи Миёна будани тоҷиконро нодуруст медонад ва барои чоп намудани он мамониат нишон медиҳад. Муаллифон Бобоҷон Ғафуров ва Н.Прохоров ба КМ ВКП (б) нома менависанд.

Иқтибос аз нома:

«Толстов муаллифонро гунаҳкор месозад, ки онҳо маданият ва таърихи гузаштаи эрониёнро дар Осиёи Миёна мансуб ба тоҷикон медонанд… Профессор Толстов талаб мекунад, ки таърихшиносони Тоҷикистон диққати худро на ба таърихи Суғд, балки ба таърихи Бохтар равон кунанд. Ӯ мехоҳад аввалсухани таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон бо эътирофи мансубияти гузаштаи эрониёни Осиёи Миёна ба ҳама мардуми туркзабон оғоз ёбад…

Пешвоёни эронӣ (тоҷик) -и ҷунбишҳои халқӣ — Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ ва дигарон дар як қатор тадқиқотҳое, ки дар Тошканд ба чоп расидаанд, ӯзбек муаррифӣ гаштаанд. Дар китоби «Маданияти бостонии Ӯзбекистон» Толстов гузаштаи суғдиёнро дар замони Куруш ва Доро ҳамчун гузаштаи халқи ӯзбек ва ниёкони эрониён — суғдиёнро дар Осиёи Миёна ҳамчун ниёкони ӯзбекҳо ба қалам додааст».

Нашри китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-и Бобоҷон Ғафуров низ дучори мушкилот мегардад. Дар рӯзномаи «Советская культура» мақолаи профессор Толстов чоп мешавад. 9 декабри соли 1944 дар муҳокимаи китоби «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти худ» дар Институти таърихи АИ СССР мавсуф муқобили чопи он мебарояд (китоби «Маданияти бостонии Ӯзбекистон», Тошканд, 1943).

Аз ҷониби иддае таърихи бостонии аҷдоди тоҷикон чун гӯшаи дуюмдараҷа, музофоти халифати Форс ва чун замимаи ночизи таърихи Эрон маънидод мегардид, давраи сонӣ як қишри таърихи «Олами Юнони Қа­дим» номида мешуд. Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ ва дигар фарзонаҳои миллати тоҷикро ба дигар халқҳо мансуб медонанд. Ҳатто, дар замоне, ки тоҷикон чун ҷавҳари этникии бузург давлати муқтадири Сомониёнро поя гузоштанд ва дар ҳама соҳаҳо ноил ба дастовард шуданд, ҷараёнҳои носолим муқимӣ будани тоҷиконро дар ин кишвар инкор мекарданд. Баъдтар ин ҷараёнро раиси правленияи Иттифоқи нависандагони СССР А.А.Фадеев низ зери таъсири худ медарорад. Ӯ адабиётшиносони тоҷикро гунаҳгор месозад, ки классикони форс — Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, ҳиндуҳо — Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдулқодири Бедилро мансуб ба хеш дониста, форсҳо ва ҳиндуҳоро ранҷонидаанд, классикони ӯзбекро аз они худ сохта, зарар бар манфиати онҳо расониданд.

Таҳрифи таърих  Б. Ғафуровро ором намегузорад. Ӯ ба котиби КМ ПК Иттифоқи Советӣ А. Жданов нома менависад. Мактуб беҷавоб мемонад.

Александр Фадеев ҳам ба дом афтода буд

Ғалат гуфтан, ғалат рафтан дар зиндагии бузургон низ аз имкон дур нест. Аммо дидаю дониста сафедро сиёҳ гуфтан, ҳақиқати таърихро таҳриф кардан гуноҳест, ки кафорат надорад. Александр Фадеев ба Комитети Марказии Партияи Коммунистии Умумииттифоқ мактуб менависад. Ӯ адабиётшиносони тоҷикро гунаҳкор месозад, ки классикони адабиёти форсу ҳинд, ӯзбеку озарбойҷониро ба худ мансуб медонанд, адабиёти классикии ӯзбекро нодуруст шарҳ медиҳанд, бо ин амал ӯзбекҳоро меранҷонанд.

Хомӯшӣ аломати ризоият аст. Бобоҷон Ғафуров аз таърихи талхи мардуми тоҷик медонист, ки сари хамро ҳам шамшер мебурад. Ӯ ба котиби Комитети Марказӣ Михаил Суслов мактуб менависад ва бесалоҳиятии Фадеевро дар ин мавзӯъ шарҳ медиҳад. Вале мактуб барои доираи маҳдуд буд. Бобоҷон Ғафуров тасмим мегирад, ки дар анҷумани XIX ВКП /б/  ин масъаларо мавриди муҳокима қарор диҳад.

Аз нутқи Б. Ғафуров дар анҷумани XIX ВКП /б/:

«Яке аз сабабҳои сустфаъолиятии аҳли қалам, ба назари ман, набудани танқиди ҳақиқии партиявӣ миёни нависандагон аст. Мақолаҳо ва баромадҳои рафиқ Фадеевро хонед. Онҳо, маъмулан, мулоҳизаҳои умумӣ ва беозореанд, ки касеро ба коре водор намесозанд. /Ҷунбиш дар толор/. Баъзан рафиқ Фадеев шахсан вазъияти адабиёти миллиро наомӯхта, истифода аз материалҳои мушовирони бесалоҳияташ мекунад ва худро дар ҳолати ноҳинҷор мегузорад. Масалан, чанде пеш рафиқ Фадеев республикаи моро гунаҳкор сохтан хост, ки гӯё мо классикони адабиёти дигар миллатҳоро мансуб ба худ донистаем. Баъдтар ӯ маҷбур шуд хатои худро эътироф кунад. Барои омӯхтани адабиётҳои миллӣ рафиқ Фадеев мутахассисонро аз республикаҳои миллӣ, ки тавонанд дар ин кор барояш кумак кунанд, ҷалб намекунад».

Дар ин мубориза ду майдон, ду гурӯҳ ба миён меояд: яке, онҳое, ки такя ба воқеияти илмӣ мекунанд, дигар, онҳое, ки бо зар зархарид мешаванд.

А.Твардовский, академик В.В Струве, академик Андреев, академик А.Ю.Якубовский ва дигар шоҳсутунҳои илму адабиёт ҳақиқати таърихро аз манфиати яклаҳзаина боло мегузоранд ва ҷонибдори Бобоҷон Ғафуров мешаванд. Вале ҷонибдорӣ ҳанӯз роҳи ҳалли масъала набуд.

Ғафуров  ба Сталин  рӯй меорад

Сиёсати миллӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи тафриқа андохтану ҳукмронӣ кардан бунёд гашта буд. Ғафуров инро хуб медонист. Ва боз хуб медонист, ки бе амри «Султони ҳақ»- Сталин ҳеҷ барги дарахте намеҷунбад. Ӯ мехост донад, ки саргаҳи таҳрифи таърихи тоҷикон куҷост ва аз ҷониби кист. Ба ин савол ҳеҷ кадоме аз атрофиёни Сталин посух гуфта наметавонистанд, ҳарчанд ки Бобоҷон Ғафуров нигоҳи онҳоро ба тоҷику Тоҷикистон нек гардонида буд. Ӯ чун котиби аввал иттилоъ дошт, ки атрофиён ҳақиқатро ба Сталин намегӯянд. Бисёриҳо шояд аз тарс, шояд ба хотири манфиатҳои шахсӣ ҳақиқатро аз роҳбари аввал пинҳон медоранд. Бо ин амали худ гӯё хизмат мекунанд. Вале бехабар аз хирсона будани ин хизмат буданд. Чунин рафтор боиси футур рафтани бисёре аз салтанатҳои бузург гаштаанд. Аммо Сталин сухани ҳақро эътироф мекард, агар он бамаврид гуфта шавад. Вай мехоҳад дарёбад, ки решаи ин муборизаҳои ғайриилмӣ, ғайрисолим бо тоҷикон  аз куҷо об мехӯрад. Ба ин савол танҳо Сталин метавонист посух гӯяд. Агар ӯ дарёбад, ки сарчашма Сталин нест ва ин гурӯҳҳои таҳрифгари таърихи тоҷикон аз пуштибонии ӯ бархурдор нестанд, роҳ барои мубориза боз мегардад.

Бобоҷон Ғафуров  бо суботкорӣ роҳи мулоқот бо Иосиф Сталинро меҷӯяд.

Он рӯз фаро мерасад. Мулоқоти Бобоҷон Ғафуров бо Иосиф Сталин 23 январи соли 1948 соати 22.35 бо иштироки Котиби КМ ПК Иттифоқи Советӣ А. Жданов, раиси Совети Вазирони Тоҷикистон Ҷаббор Расулов сурат мегирад. Матни пурраи мулоқотро муаллифи ин сатрҳо дар Маскав, соли 1983, дар китобхонаи шахсии академик Бобоҷон Ғафуров пайдо кард ва он баъд аз 38 сол рӯи чопро дид. Ба хотири санади муҳими таърихӣ будан матни пурраи суҳбатро, ҳарчанд қисман берун аз мавзӯъст, рӯи чоп меорем.

Шариф ҲАМДАМПУР

(Давом дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *