Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ дар шаҳри Хуҷанд тайи нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 74 млн сомонӣ афзоиш ёфта, ба 647 млн сомонӣ баробар шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла, тайи нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 192 млн сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки содироти маҳсулоти саноатӣ аз Хуҷанд нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26% афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва ғайра истеҳсол шуда, ба 16 давлати хориҷӣ содир гардидааст.

— Дар ин давра 8 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 177 адад расид,- меафзояд манбаъ.

Таъкид шудааст, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои навбунёд 105 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки 92 корхона маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 357 млн сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 74,6 млн. сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.