Афзоиши садамаҳои нақлиётӣ ва марги одамон дар Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар Тоҷикистон 1 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар натиҷа 643 нафар ҷон бохта, 1 542 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Таъкид шуд, ки нисбат ба соли 2024, ки дар он 1 233 садама ва 552 ҳалокат сабт шуда буд, афзоиши назаррас ба мушоҳида мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ