ВКД: Беш аз 23 ҳазор ҷиноят дар як сол

Соли 2025 дар Тоҷикистон 23 ҳазору 448 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 1 ҳазору 134 ҳолат бештар мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо дар соли гузашта 78 фоизро ташкил додааст.

Ин омор имрӯз, 12 ферал зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садо дод.

Тибқи маълумоти ВКД, бархе аз ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамкушӣ ва одамрабоӣ коҳиш ёфтаанд. Аз ҷумла, соли гузашта 74 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 як ҳолат кам мебошад.

Ҳамчунин, одамрабоӣ аз 10 то 9 ҳолат коҳиш ёфтааст. Шумораи ҳолатҳои авбошӣ низ аз 1663 ба 1559 кам шудааст.

Дар баробари ин, афзоиши як қатор ҷиноятҳо ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, роҳзанӣ аз 28 ба 32 ҳолат, ғоратгарӣ аз 86 ба 107 ҳолат ва таҷовуз ба номус аз 41 ба 49 ҳолат расидааст.

Ҳамчунин, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври назаррас зиёд шудаанд-905 ҳолат дар соли 2025 нисбат ба 745 ҳолати соли қаблӣ.

Афзоиши ҷиноятҳои молиявӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди қаллобӣ ба 3857 ҳолат (соли 2024 -3480) ва дуздӣ ба 3902 ҳолат (соли 2024 -3858) расидааст.

Масъулони ВКД таъкид карданд, ки бо вуҷуди афзоиши умумии ҷинояткорӣ, чораҳои пешгирикунанда ва тақвияти фаъолияти тафтишотӣ имкон додааст, ки сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *