Агар оид ба қаллобӣ шубҳа пайдо кардед, чӣ бояд кард? Маслиҳати БМТ ба муштариён!

Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтӣ, замимабарномаҳои мобилии бонкӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ таваҷҷуҳ ва эҳтиёткориро зиёд намоянд. Зеро қаллобон метавонанд худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ, оператори мобилӣ ё “маркази дастгирӣ” муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб маълумоти махфии шуморо ба даст оранд.

1. Маълумоти махфиро ҳеҷ гоҳ ба касе надиҳед.

Ҳеҷ гоҳ ба шахсони дигар, ҳатто агар худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ муаррифӣ кунанд ҳам, маълумоти зеринро пешниҳод накунед:

– рақами пурраи корт ва муҳлати амал (MM/YY);

– рамзи CVV/CVC (3 рақам дар пушти корт);

– PIN-рамз;

– рамзҳои якдафъаина (SMS/OTP);

– логин ва гузарвожаи (пароли) замимабарномаи бонкӣ, инчунин калимаҳои махфӣ.

Агар аз шумо ин маълумотро талаб кунанд – ин нишонаи қаллобӣ аст.

2. Ба пайвандҳо (ссылка) ва файлҳои шубҳанок бовар накунед.

– Аз мессенҷерҳо (Telegram, WhatsApp ва ғайра) расм, файл, барнома ё пайвандеро, ки аз шахси ношинос ё ҳатто аз шахси шинос бо матни шубҳанок омадааст, ҳеҷ гоҳ накушоед.

– Барномаҳо ва навсозиҳоро танҳо аз манбаъҳои расмӣ (Play Market / App Store) насб намоед.

– Агар аз шумо талаб кунанд, ки “барои ҳалли мушкил” барнома насб кунед ё “дастрасӣ” диҳед, эҳтиёт шавед – ин васила метавонад барои идоракунии телефон ба таври фосилавӣ ва дуздидани маблағҳо истифода шавад.

3. Аломатҳои маъмулии фиребро донед.

Қаллобон бештар чунин баҳонаҳоро истифода мебаранд:

– “Ҳисобатон баста мешавад ё амалиёт шубҳанок аст – фавран рамзро гӯед”.

– “Ба шумо қарз / мукофот / кумакпулӣ тасдиқ шуд – маълумот диҳед”.

– “Кортатонро бояд иваз кунем – CVV ё SMS-рамзро гӯед”.

– “Аз номи шумо интиқол рафта истодааст – барои қатъ кардан рамзро гӯед”.

– “Ин пайвандро кушоед ва маълумотро ворид кунед”. (Одатан ин сомонаҳои сохта/қалбакӣ мебошанд).

Ёдовар мешавем: кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воҳидҳои марбути онҳо ҳеҷ гоҳ CVV/CVC, PIN ва рамзи якдафъаинаро талаб намекунанд.

4. Қоидаҳои одии бехатарӣ.

– Барои замимабарномаи бонкӣ гузарвожаи мустаҳкам интихоб кунед (бояд аз ҳарф, рақам ва аломатҳо иборат бошад) ва онро ба касе нагӯед.

– Қулфи экранро фаъол нигоҳ доред (PIN ё изи даст (биометрия)).

– Огоҳиномаҳо (SMS)-ро барои амалиётҳо фаъол нигоҳ доред.

– Агар телефонро гум кунед, фавран ба ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат карда, барои ғайрифаъол кардани барномаҳо чора андешед.

5. Агар оид ба қаллобӣ шубҳа пайдо кардед, чӣ бояд кард?

1. Фавран бо ташкилоти қарзии молиявии худ тавассути маркази тамос муроҷиат намоед:

– дастрасиро ба корти пардохтӣ ё замимабарномаи бонкӣ муваққатан масдуд намоед;

– дархости санҷиш ва бекоркунӣ ё бозгардондани амалиётро пешниҳод кунед.

2. Гузарвожаи замимабарномаро иваз намоед.

3. Агар барномаи шубҳанок насб карда бошед, иҷозатҳои онро қатъ кунед ва телефонро санҷед.

Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми зангҳо ё паёмҳои шубҳанок саросема нашаванд ва ҳеҷ гоҳ рамзҳои якдафъаина (SMS/OTP), PIN-рамз, гузарвожа (парол) ва маълумоти кортро ба касе надиҳанд – ҳатто агар шахс худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё ширкати мобилӣ муаррифӣ намояд.

Шаҳрвандони муҳтарам! Ба пайвандҳои ношинос ва шубҳанок надароед, онҳоро накушоед ва барномаҳои ношиносро насб накунед, барои санҷиш ва гирифтани кумак танҳо ба рақамҳо ва шабакаҳои расмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, аз замимабарнома ва сомонаи расмӣ истифода баред.

Ҳушёрӣ – беҳтарин роҳи муҳофизат аз қаллобист!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *