Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ

МегаФон Тоҷикистон ба телевизиони муосири интерактивии Ajoyib.TV дастрасӣ мекушояд. Акнун таҳти як платформаи рақамӣ метавон то 100 шабакаҳои телевизионӣ, ҳазорҳо филму силсилафилмҳо, аз ҷумла контенти онлайн-кинотеатрҳои кишварҳои мухталифи оламро тамошо намуд. Истифодабаранда метавонад вариантҳоро бо пардохти ҳаррӯза ё ҳармоҳаи хизматрасонӣ интихоб намояд.

Яке аз афзалиятҳои муҳимтарини Ajoyib.TV – дастрасии бемаҳдуд ба контенти видеоӣ. Нарх новобаста аз он, ки истифодабаранда чанд филму барномаҳоро тамошо кардааст, бетағйир мемонад. Ҳангоми мавҷуд будани обунаи фаъол трафики интернети мобилӣ дар доираи Ajoyib.TV нархгузорӣ намешавад.

Ҷиҳати мусбати дуюм – интихоби васеи контент дар як замима. Вобаста ба варианти пайвасткунӣ аз 40 то 100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии худии филмҳо ва инчунин контенти онлайн-кинотеатрҳои WINK, Start, Megogo, KinoUZ ва OneFC дастрас мебошанд. Аз ҷумла дар онҳо филму силсилафилмҳои беҳтарини Россия, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон ва давлатҳои дигар ҷойгир карда шудаанд.

Ба тамошобинон пахшҳои мустақими шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии барномаҳо аз ҳафт рӯзи охир, ки онҳоро метавон дилхоҳ вақт тариқи пешу қафогардонии навор ва таваққуфи он тамошо кард, дастрас ҳастанд. Дар хизматрасонии Ajoyib.TV инчунин профили кӯдакона бо назорати волидайн мавҷуд аст.

Хизматрасонии Ajoyib.TV дар смартфонҳо, планшетҳо, КШ, телевизорҳои Smart TV ва дастгоҳҳои телевизорӣ кор мекунад. Дар доираи он ҳамзамон тамошо кардани наворҳо дар экранҳои то 5 дастгоҳҳои мухталиф имконпазир аст.

“Мо мунтазам экосистемаи рақамии ширкатро инкишоф медиҳем. Ajoyib.TV – воситаи қулай барои тамошои шабакаҳо ва филмҳои дӯстдошта дар дилхоҳ вақт дар дилхоҳ дастгоҳ бе нархгузории иловагии трафики интернет маҳсуб меёбад”, – мегӯяд Дилшод Шарипов, роҳбари хадамоти инноватсияҳо ва технологияҳои молиявии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Пайвасткунии хизматрасонии қулай баъди бақайдгирӣ дар замимаи мобилии Ajoyib.TV ва инчунин тариқи замимаи “МегаФон Life” ё бо ёрии  USSD-дархостҳо имконпазир аст. Замимаи Ajoyib.TV барои Web, iOS, Android, Android TV, LG (webOS) ва Samsung (Tizen) дастрас мебошад.

Вариантҳои пайвасткуни хизматрасонии Ajoyib.TV – дар ҷадвали зерин:

Намуди обунаТаркибМӯҳлати амалНархUSSD барои пайвасткунӣ
Base Light40 шабакаҳои телевизионӣ ва бойгонии филмҳо1 рӯз1.00 TJS/рӯз*1313#
Base Light 3040 шабакаҳои телевизионӣ ва бойгонии филмҳо30 рӯз15 TJS/моҳ*1313*30#
All Inclusive100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии филмҳо, WINK, Start, Megogo, KinoUZ, OneFC1  рӯз2.00 TJS/ рӯз*1313*2#
All Inclusive 30100 шабакаҳои телевизионӣ, бойгонии филмҳо, WINK, Start, Megogo, KinoUZ, OneFC30  рӯз40 TJS/моҳ*1313*2*30#

Қатъи хизматрасонӣ – *1313*0#

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *