Трамп аз омодагӣ ба музокира бо Эрон гуфт, аммо Теҳрон рад кард

Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки раҳбарияти нави Эрон хоҳони музокира аст ва ӯ барои гуфтугӯ омода мебошад.

«Онҳо мехоҳанд суҳбат кунанд ва ман розӣ шудам суҳбат кунам, бинобар ин бо онҳо гуфтугӯ хоҳам кард. Онҳо бояд ин корро пештар анҷом медоданд», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба бо “The Atlantic”.

Ҳамзамон Трамп дақиқ нагуфтааст, ки чунин музокирот кай баргузор мешавад.

Бо ин вуҷуд, нашрияи исроилии “Ynet” бо истинод ба як мансабдори амрикоӣ хабар додааст, ки Теҳрон пешниҳоди Вашингтон дар бораи оташбасро рад кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ИМА тавассути миёнарав, эҳтимолан Италия пешниҳод намудааст, ки як рӯз пас аз оғози амалиёт оташбас эълон шавад, аммо Эрон онро қатъиян напазируфтааст.

Амалиёти муштараки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон 28 феврал оғоз шуд. Дар посух, Теҳрон на танҳо ба Исроил, балки ба пойгоҳҳои ҳарбии Амрико дар дигар кишварҳои минтақа низ зарба зад ва иншооти исроилӣ ва пойгоҳҳои амрикоиро «ҳадафҳои қонунии ҳарбӣ» номид.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *