Изҳори таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёме ба Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба муносибати шаҳодати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар паёми таслиятии Сарвари давлат зикр шудааст, ки ӯ бо камоли таассуф ва андуҳи амиқ хабари шаҳодати Раҳбари олии Эрон ва як қатор масъулони давлатӣ ва фармондеҳони низомиро дарёфтааст.
Президенти Тоҷикистон ин мусибатро ба раҳбарияти Эрон ва мардуми он кишвар таслият гуфта, ба нақши мондагори Хоманаӣ дар таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва созандаи Тоҷикистону Эрон таъкид кардааст.
Дар паём ҳамчунин омадааст, ки Тоҷикистон дар ин рӯзҳои андӯҳбор ҳамбастагии худро бо кишвари дӯсту бародари Эрон изҳор медорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои даргузаштагон мағфирати абадӣ ва барои наздикону пайвандонашон сабру таҳаммул орзу намудааст.
📱 Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ