Академик тавсия дод, муовин рад кард!

Беш аз 60 сол аст, ки дар соҳаи маориф бе танаффус фаъолият дораму падари 6 фарзанди баркамол, соҳиби набера ва абераҳои сершумор ҳастам. Набояд гумон равад, ки ман пири барҷомондаву бепарастор бошам.

Дар тӯли фаъолияти чандинсолаи омӯзгорӣ дар Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик М. Осимӣ), гимназияи “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ошкор сохтам, ки дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ китобҳои дарсию методӣ ба забони тоҷикӣ, бахусус аз фанни физика ангуштшумор мебошанд. Ҳамин буд, ки баъди соли 1981 дифоъ кардани рисолаи илмии номзадӣ дар Институти физикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Белорус дар мавзӯи “Тадқиқоти спекторҳои инфрасурхи фурӯбурди пахтаи навъҳои гуногуни селексионӣ” барои сабук кардани камбудии дар боло зикрёфта камар бастам.

Аввал бо ҳамроҳии дотсент Т. Шодиев китоби дарсии “Физика 10” (муаллифонаш Г. Я. Мякишев ва Б. Б. Буховцев)-ро дар ҳаҷми 22 ҷузъи чопӣ аз русӣ ба тоҷикӣ гардонида, ба чоп расонидем. Сипас, соли 1989 китоби А. С. Енохович “Справочник по физике и технике”-ро дар ҳаҷми 15 ҷузъи чопӣ дастраси тоҷикзабонон кардам. Дар натиҷа гӯё мактаби таълифу тарҷумаи китобҳои дарсию методиро ба итмом расонидам ва ба таълифи китобҳои дарсию методӣ чӣ барои мактабҳои миёнаю чӣ олӣ ба забони тоҷикӣ шуруъ кардам.

Китоби аввалинам бо унвони “Асосҳои физикаи ибтидоӣ” (иборат аз ду қисм дар ҳаҷми 28 ҷузъи чопӣ) ҳанӯз соли 1992 бо теъдоди 3 ҳазор нусха барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ аз чоп баромад. Ин китоб ба аксар физикони ҷумҳурӣ шинос аст. Ба ҳамин минвол китобҳои дарсию методӣ чӣ барои мактабҳои миёнаю чӣ олӣ бо ҳамкории ҳамкасбону шогирдон ба нашр расонидем. Китобҳо асосан бо дастгирии соҳибкорон ё шахсони алоҳида нашр шуданд, ки танҳо барои 4 ё 5-тояш ҳаққи қалам гирифтаам. Ҳоло нашриётҳо ҳаққи қалами муаллифонро бо шарти ҳадди ақал ба фурӯш рафтани 60%-и тамоми нусхаҳои аз чоп баромада пардохт мекунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб зиндаёд профессор Тошбой Бобоев (собиқ мудири кафедраи физикаи умумии ДМТ) ҳамчун сармуаллифи китоби дарсии “Физикаи умумӣ”, ҷилди 1, барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ (ҳаммуаллифонаш Ҳ. Саъдуллозода ва Д. Ақдодов), ки нашриёти ДМТ ҳанӯз соли 2019 дар ҳаҷми 20 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 200 нусха аз чоп баровардаву барои фурӯш ба ҳар як нусхааш анқариб 80 сомонӣ нарх гузошта шудааст, аз ҳаққи қалам баҳраманд нагардида, ин дунёи равшанро тарк намуд. Дар гумон аст, ки ман ҳам то дар қайди ҳаёт буданам ҳаққи қаламамро мегирифта бошам.

Дар ибтидои соли 2022 китоби дарсии нави “Физика 9” барои нашр ба вазорат пешниҳод шуд, ки ман яке аз ҳаммуаллифон мебошам. Айни замон барои таълифи ҳамин гуна китоби “Физика 10” ҳамчун яке аз ҳаммуаллифон ҳисса гузошта истодаам.

Доир ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо дастгирии олимони соҳаи физикаи ҷумҳурӣ, махсусан зиндаёд академик Ҳ. Муминов дар охири соли 2020 дастури таълимӣ-методӣ бо унвони “Алифбои физика”-ро дар ҳаҷми 8,5 ҷузъи чопӣ барои омӯзгорони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин, хонандагони мактабҳои миёна ҳамчун сармуаллиф дар нашриёти ДМТ аз чоп баровардам.

Дар пешгуфтори ин дастур дар мисоли кашфиётҳои оламшумули олимон дар соҳаи физика, инчунин, аҳамияти амалии қонунҳою назарияҳои физика дар рушди техникаю технологияи муосир, татбиқи дастгоҳҳои физикӣ дар илмҳои дигари табиатшиносӣ зарурати омӯхтани фанни физика асоснок карда шудааст. Зиёда аз ин, дар поёни дастур баъди овардани ҷамъбасти формулаҳои асосӣ ва қонуниятҳои тамоми фаслҳои физика ҳамчун маълумотнома аксар қонунҳо, теорема ва формулаҳои асосии ҳама қисмҳои риёзиёт-арифметика, алгебра, геометрия ва тригонометрия илова карда шудаанд. Аз ин рӯ, дастур мувофиқи нақшаи таълифаш ҳамчун китоби рӯимизии тамоми ниёзмандонаш буда метавонад. Вале, мутаассифона, онро нашриёти ДМТ бо теъдоди ҳамагӣ 100 нусхаю бо нархи гарон ба фурӯш баровардааст. Бо ҳамин сабаб бо тавсияи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Ф. Раҳимӣ ба собиқ вазири маориф ва илми Тоҷикистон академик М. Имомзода ба тарзи хаттӣ барои бо теъдоди кофӣ аз нав чоп кардани “Алифбои физика” муроҷиат намудам, вале ҷонишини аввали вазир бо баҳонаи он, ки китоби дарсӣ нест ва имконияти онро бо теъдоди зиёд нашр кардан вазорат имкон надорад, ҷавоби манфӣ доданд.

Ҳоло ба шумо, вазири нави маориф ва илм рӯй овардам.

Умедворам, ки ин пешниҳод ҳалли худро меёбад ва ба муносибати эълон шудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” саҳми маро ҳамчун сармуаллифи китобҳои нашршудаам, фаъолияти омӯзгории бисёрсолаам  ва ҳиссаи дар ин ҷода барои маорифи ҷумҳурӣ гузоштаамро қадрдонӣ менамоед.

Ҳоҷатулло САЪДУЛЛОЗОДА,

номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи физикаи умумии факултети физикаи ДМТ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *