Ғалабаи футзали Тоҷикистон дар вохӯрии рафиқона

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев, ки айни замон дар Аморати Муттаҳидаи Араб баҳри омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 қарор дорад, 11 сентябр бо мунтахаби ин кишвар бозии рафиқона доир кард.

Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Ал- Шааб»-и шаҳри Шарҷ баргузор шуда, бо пирӯзии футзалчиёни тоҷик анҷом пазируфт. Пирӯзии мунтахаби кишварамонро ду голи Файзалӣ Сардоров ва ду голи дигарро  Дилшод Саломову Шавкат Ҳалимов таъмин карданд.

Хотиррасон мекунем, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал, ки дар шаҳри Табризи Эрон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои яккачини Афғонистон (16 октябр) ва Эрон (17 октябр)-и соли равон қувва месанҷад. Давраи ниҳоии чемпионати Осиё-2018 аз 6 то 18 феврал дар шаҳри Тайбэи Чин баргузор мешавад. Ба он аз гурӯҳи интихобӣ ду даста роҳхат хоҳанд гирифт.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *