Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи милитсия

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баҳри таҷлили иди касбӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Ҳайати шахсии шуъбаю хадамотҳои дастгоҳи Раёсат ва собиқадорони соҳа дар ҷамъомад иштирок доштанд. Маросими пуршукуҳ аз гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар саҳни бинои маъмурӣ ба хотири гиромидошти кормандони зимни иҷрои вазифа ҳалок гардида бунёд ёфтааст, оғоз ёфт.

Бо ворид намудани Парчам ба толор ва сароидани Суруди миллӣ, ки нишонаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи касбиро ҷашн гирифтанд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р., ҳайати шахсиро аз номи роҳбарияти ВКД табрик намуда, аз давраи пайдоиш ва дастовардҳои имрӯзаи милитсияи тоҷик ёдовар шуд.
Мавсуф таъкид намуд, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва Тоҷикистон ҳамчун макони амну осоишта шинохта гардид. Кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст ҳамчун сохтори таркибии Ҳукумат, баҳри нигоҳдории тартиботи комил ва амнияти бардавом пешоҳанг бошанд.

Дар партави Иди касбӣ бо Фармонҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р., кормандони зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гардида бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои соҳавӣ, Сипосномаву Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *