Амонатбонк: Омӯзиши идоракунии пул ва хизматрасониҳои бонкӣ дар доираи Global Money Week
Дар доираи Global Money Week дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Ванҷ чорабиниҳои маърифатӣ-омӯзишӣ баргузор гардиданд.
Чорабинӣ 20 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ш. Шоҳин ва ҳамзамон дар хонаи фарҳанги деҳаи Мотравини ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо иштироки намояндагони Амонатбонк, хонандагон, ҷавонон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва нафақагирон доир шуд.



Дар оғози ҳамоиш кормандони дастгоҳи марказии бонк бо маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Пул ва идоракунии он», «Буҷаи оила» ва «Пешгирӣ аз қаллобон ва бартарияти кортҳои бонкӣ» баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди низоми пардохти ғайринақдӣ, истифодаи барномаи мобилии «Амонат-мобайл», ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз ва намудҳои пасандозҳои бонкӣ шарҳ дода шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ миёни иштирокдорон озмуну викторинаҳо оид ба идоракунии дурусти маблағҳо баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳадафи чунин иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва ташвиқи истифодаи воситаҳои муосири хизматрасониҳои бонкӣ арзёбӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ