Армуғони «тиллоӣ»-и камарбандиёни тоҷик аз Ҷоми ҷаҳон

Мунтахаби  Тоҷикистон оид ба  камарбандӣ дар фестивали намудҳои миллии гуштӣ, ки дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, ҷойи якум ва медали тилло ба даст овард.

Тавре  Федератсияи камарбандии вилояти Суғд ба ВАО иттилоъ додааст, мунтахаби ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа  8 паҳлавон  бомуваффақият муаррифӣ намуданд. Онҳо дар миёни 150 варзишгари 8 кишвари дунё 2 медали тиллоро соҳибӣ карданд. Ин ҷоизаҳои олиро Муҳаммадғуфрон Тошзода  дар вазни 75 кг ва  Достон Почоев дар вазни 90 кг дар рақобати шадид муяссар гаштанд. Панҷ камарбандии баъдӣ Абуэҳсон Ашурзода, Тоҷиддин Тӯйчиев, Абдураҳмон Маматқулов  ва Самандар Эрназаров сазовори ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Гуштии камарбандӣ дар Тоҷикистон бештар дар вилояти Суғд мавқеъ пайдо кардааст. Он як навъи муҳорибаи тан ба тани миллист, ки паҳлавонон аз камарбанди ҳамдигар дошта, фақат бо зӯрии дастону бозу, ё ба қавли дигар бо «говзӯрӣ»,  ҳарифро шикаст медиҳанд. Камарбандӣ усулҳои зӯрозмоӣ ва қоидаҳои махсуси худро дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *