Артиши Беларусия омодагии ҷангӣ мегирад

Бо фармони Вазири мудофиаи Беларус марҳилаи сеюми санҷиши ҳамаҷонибаи омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва омодагии ҷангӣ барои рӯзҳои зарури шуруъ аз 24-уми август тамринҳо гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои вазорат, ҳадафи санҷиш арзёбии қобилият ва омодагии қисмҳои ҳарбӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки дар шароити тағйирёбандаи рӯзона ва шабона пешбинӣ шудаанд, инчунин такмили омодагии ҷангии қӯшунҳо ба назар гирифта мешавад.

Дар ҷараёни санҷиш, ҷалб намудани қисмҳои ҳарбии алоҳидаи низомӣ ба сатҳи баландтари омодагии ҷангӣ бо даъват намудани хизматчиёни эҳтиёти пешбинӣ шудааст.


Чорабиниҳо таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини аввали вазири мудофиаи Беларус баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *