Арвоҳи писари Дилноза Лайло ва Озодаро аз марг наҷот медиҳад?

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР” хабар дод, ки 19 ҳазору 500 сомонӣ пули ҷамъшуда аз консерти хайрияеро, ки ба ёди Диёрбек Аминҷонов, фарзанди ғӯррамарги овозхон Дилноза Каримова доир шуд, ду тақсими баробар карда, барои табобати ду духтар – Озода аз шаҳри Хуҷанд, ки дар Маскав таҳти табобат қарор дорад, ва Лайло, як бемори дигар аз Душанбе доданд.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР” рӯзи 9 январ нисфи дуюми пулеро, ки аз консерти хайрияи ба ёди Диёрбек Аминҷонов ҷамъ шуд, ба падари Лайло ном духтаре аз Душанбе, ки чанд ҳафта боз дар бемористони бемориҳои сили Душанбе дар ҳолати кома қарор доштааст, дод. Ин консерти хайрия шоми 6 январ таҳти унвони «Диёрбек — Фариштаи наҷот» дар толори Филармонияи давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сайёфи Мизроб, ки дар як видео дар канори Шоираи Раҳимҷон, раҳбари маркази продюсерии «Шоира” ва як ташкилкунандаи асосии консерти хайрияи шоми 6 январ ва падари Лайло меистод, бо супурдани пули хайрия ба ин падар гуфт: «Мо дуо мекунем ва умед дорем, ки ин пулҳо ба Лайло, ба ин хоҳари азизи мо шифо меоранд. Дар ҳар дирами ин пул як дуои як зани тоҷик, як марди тоҷик, як кӯдаки тоҷик ниҳон аст ва ана ҳамин дуоҳо, ИншоАллоҳ, ба духтари шумо шифо хоҳанд овард.”

Шоираи Раҳимҷон ёдовар шуд, ки ин маблағҳоро барои табобати Диёрбек ҷамъ мекарданд. Ӯ аз падари Лайло хост, то дуо кардани дар ҳаққи Диёрбеки ғӯррамарг ва ҳамин тавр, дар ҳаққи мардуми тоҷикро, ки дар ин амали савоб ҳамроҳӣ карданд, фаромӯш накунанд.

Ба падари Лайло аз ҳисоби маблағҳои хайрияи ҷамъшуда 9500 сомонӣ додаанд.

Сайёфи Мизроб қаблан хабар дод, ки нисфи аввали пулҳои ҷамъшударо ба пули русӣ иваз карда, 64 500 рубл ба Озода ном духтаре аз Хуҷанд, ки дар шаҳри Маскав таҳти табобат қарор дорад, фиристодаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин консерт 19 500 сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст.

Наздикони овозхони шинохтаи тоҷик Дилноза Каримова моҳи декабр эълон карданд, ки Диёрбек Аминҷонов, писари шашсолаи ин ҳунарманд гирифтори бемории саратони буғумҳо шудааст ва барои табобати ин кӯдак ба маблағ эҳтиёҷ доранд.

Консерти рӯзи 6 январ ва ҳамин тавр, чанд консерти дигар дар Хуҷандро барои кумак ба табобати Диёрбек баргузор карданд, вале Диёрбек шаби 31 декабр дар бемористони Деҳлӣ вафот кард.

Шоираи Раҳимҷон ба дунбол эълон кард, ки консертро ба ёди Диёрбек доир мекунанд ва пули аз он ҷамъшударо барои табобати дигари кӯдакони мариз сарф хоҳанд кард.

Дар консерти рӯзи 6 январ овозхонҳои шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова ва Файзигул Юсупова таронаеро бо номи «Рафтӣ”, ки ба ёди Диёрбек ва махсус барои ҳамин консерти хайрия таҳия шуда буд, иҷро карданд. Матни «Рафтӣ аз шоир Аъзами Хуҷаста аст.

Рафтӣ…

(Навҳаи Дилноз дар марги фарзандаш Диёрбек. Бадоҳа)

Дар ғуруби сиёҳи дилтангӣ ногаҳон аз миёни мо рафтӣ,
Нозанинам, гулам, азизи дилам!Чашмо во кун бигу, куҷо рафтӣ?

Зиндагӣ дар нигоҳи хастаи ман баъд аз ин як сароб хоҳад монд,
Оҳ, ман бе ту сахт метарсам, хез пешам биё, чаро рафтӣ?

Аз ғамат сангу чуб мегиряд, кучаву кучаруб мегиряд,
Дили Дилноза хуб мегиряд!Аз замин ҷониби само рафтӣ?

Лаҳзаҳо бе ту хомӯшанд, ҷомаи сипсиёҳ мепӯшанд,
Баъд аз ин ҷоми заҳр менӯшам, ки ту зуд аз барам ҷудо рафтӣ.

Дасти уммед мебарам боло, ба Худои карими беҳамто,
Руҳат орому шод кӯдаки ман, ту ба меҳмонии Худо рафтӣ.

Хоб кун, хоб кун, азизи дилам, гарчӣ ин бор хоб сангин аст,
Аз ҷаҳони фано ҷудо гаштӣ ва ба он олами бақо рафтӣ…

Ин таронаро дар шакли садоӣ метавонад дар сомонаи «Ohang.tj” гӯш кунед:

ТАРОНАИ «РАФТӢ»

http://ohang.tj/ohang/ohang_sust/firuza_khafizova_fajzigul_jusupova_dijorbek_2018_firuza_hafizova_faizigul_yusupova_diyorbek_2018/2-1-0-1259

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *