Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Москва боло меравад
Шаҳрдори Москва Сергей Собянин қарори баланд бардоштани арзиши патент (иҷозатномаи кор) барои шаҳрвандони хориҷиро дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти ҳамноми он тасдиқ кард.
Ба иттилои “ТАСС”, аз 1 январи соли 2026 шаҳрвандони хориҷие, ки бо патент кор мекунанд, барои ҳар моҳ бояд 10 000 рубл пардохт намоянд. Дар ҳоли ҳозир арзиши патент дар Москва ва вилояти Москва 8 900 рубл мебошад.

Ба навиштаи “РИА Новости”, муовини сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Москва Даря Мурченко, дар ҷаласаи рӯзи 1 ноябр пешниҳоди боло бурдани нархи патентро ироа карда буд. Ин масъала дар доираи баррасии лоиҳаи қонунҳои нави шаҳрӣ дар соҳаи андозбандӣ аз ҷониби комиссияи махсуси Думаи шаҳри Москва мавриди муҳокима қарор дорад.
Бояд зикр кард, ки арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ҳамасола тағйир меёбад ва вобаста ба минтақаҳои гуногун метавонад зиёд гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ