«Аштак» ба Аврупо роҳ меёбад?

Созмони Hilfswerk Austia International талош дорад ба “Аштак”-и ноҳияи Ашт, “Лиму”-и шаҳри Бохтар ва “Қурут”-и ноҳияи Мастчоҳ сертификати стандартҳои бозори аврупоӣ дарёфт кунад. Дар ин бора jom.tj хабар медиҳад.

Рафтор Муҳаммадиев, мудири идораи кишоварзии ноҳияи Ашт гуфт, коршиносони австриягӣ бо аҳолӣ ва боғдорон суҳбат намуда, номи қадимаи ин хушкмеваро таҳқиқ доранд. Вай афзуд, дар гузашта сокинони ноҳия меваи зардолуро аз донак ҷудо карда дохилаш мағз мегузоштанд, ки “Аштак” ном дошт, зери нури офтоб хушк мешуд: 

“Созмоне аз Австрия тасмим дорад хушкмеваи зардолуи моро бо бренди “Аштак” ба меъёрҳои стандарти бозори ҷаҳонӣ шомил карда, сертификат диҳад то ба бозорҳои Аврупо бо ҳамин ном роҳ ёбад. Ин маҳсулоти аслии Тоҷикистон мешавад. Агар ин созмони байналхалқӣ ба мо сертификат диҳад бе иҷозати мо дигар касе наметавонед ба бозорҳои Аврупо ин намуд хушкмеваро содир кунад. Вақте мехоҳад, содир кунад, сертификати мо лозим меояд.”

Навъи “Зардолуи пешпазак”, “Бобоӣ”, “Рухи ҷавонӣ”, “Қанди хурмоӣ” ва чанд навъ “Мирсанҷалӣ” бо тамъу, бӯй ва қанднокиву сифаташ таваҷҷӯҳи тоҷирону созмонҳоро ба Ашт ҷалб карда, хушкмеваи офтобии навъи “Мирсанҷалӣ” ба намояндагони лоиҳа пешниҳод шудааст то аз рӯи бӯй, қанднокӣ ва дигар нишондодҳо дар озмоишгоҳ санҷида шавад.

Ҳалим Ҷӯраев

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.