Ҳавопаймои Сургут-Хуҷанд дар ҳаво ба мушкил рӯбарӯ шуд

Хабаргузориҳои Русия бозгашти ҳавопаймои масири Сургут-Хуҷанд ба фурудгоҳи Сургут ба далели мушкили фаннӣ дар фазо хабар доданд.

Хабаргузориҳои Русия аз бозгашти истирории ҳавопаймои масири Сургут-Хуҷанд ба фурудгоҳи Сургут ба далели мушкили фаннӣ дар фазо хабар доданд.

Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, ҳавопаймо ҳудуди се соат гирди шаҳри Сургут парвоз карда, маводи сӯхти изофиро масраф карда ва сипас ба фурудгоҳи Сургут нишастааст.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои ширкати ҳавоии “UTair”-и Русия, ки шоми 25 май дар масири Сургути Русия ва Хуҷанди Тоҷикистон парвозро анҷом медод, бидуни фалокат ба фурудгоҳи Сургут баргаштааст. Ба 136 мусофир ва 6 узи экипаж осебе нарасидааст.

Мусофирон дар фурудгоҳ бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин шудаанд. Рӯзи 26 май ҳавопаймои дигар мусофиронро ба манзил расондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *