Автобуси 53 мусофирдошта чаппа шуда оташ гирифт

Дар натиҷа автобус оташ гирифта сӯхтааст. Дар дохили автобус 53 нафар, аз ҷумла 37 талабаи мактабҳои таҳсилоти миёна қарор доштаанд.

Санаи 29 апрели соли равон, соати 02:00 дар роҳи маҳалии ноҳияи Уртичирчики вилояти Тошканд автобуси Mercedes, ки дар дохилаш мактаббачагон будаанд ва аз сӯи Бухоро ҳаракат доштааст, чархаш кафида, чаппа шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷа автобус оташ гирифта сӯхтааст. Дар дохили автобус 53 нафар, аз ҷумла 37 талабаи мактабҳои таҳсилоти миёна қарор доштаанд.

“Ҳама мусофирон ба таври фаврӣ ба ҷои бехавф кучонида шудаанд ва касе ҳалок нашудааст. Ҷароҳатбардоштагон дар ҷои ҳодиса бо ёрии аввалин таъмин шудаанд”, — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи садама 7 нафар, ки ҳамааш калонсолон будаанд ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун бардоштаанд. Ду нафари онҳо дар бемористони маҳаллии ин ноҳия ва 5 мусофири дигар дар беморхонаи ҷумҳуриявии Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Тошканд ҷой дода шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.