Аз 5 кг зиёд намефурӯшанд. Ярмарка дар бозори «Саховат» (Видео)

То фаро расидани моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои башумор мондаанд. Имрӯз бозори фурӯши маҳсулот дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар гарм аст. Хабарнигори «Pressa.tj» ба бозори “Саховат” омад, то бубинад, ки дар ин рӯзҳои серташвиш нархи маҳсулот ниёзи аввал чӣ гуна аст.

Тавре мушоҳида гардид, дар ярмаркае, ки берун аз бозор ташкил шудааст, нарх нисбат ба дохили бозор ба маротиб фарқ мекунад. Харидорони зиёд дар навбат истодаанд, то бо нархи арзон картошкаву пиёз харанд. Фурӯшандаҳо бошанд ба як нафар аз 5 кг зиёд маҳсулот намефурӯшанд. Як кг картошка 3 сомонию 50 дирам, 1 кг сабзӣ 1 сомонию 30 дирам ва 1 кг пиёз 3 сомонию 30 дирам, 1 халта орди 50 кг 205 сомонӣ ва 1 кг гӯшт 48 сомонӣ арзиш дорад. Аммо дар дохили бозор бо ин нархҳо маҳсулоти даркориро пайдо кардан ғайриимкон мебошад.

Як кг картошка 6 сомонӣ, пиёз 4 сомонӣ ва сабзӣ бошад 2 сомониро ташкил меиҳад. Дар ин ҷо муносибати фурушандагон бо харидорон масали “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро ба ёд меорад. Яъне, бо истифода аз ин харидорон мехоҳанд, ки бо нархи баланд маҳсулоташонро фурушанду маблағи муфт ба даст оранд.

Аммо дар асл чунин нест, фурӯшандаҳо мегӯянд, ки маҳсулотро яклухт бо ҳамин нарх меоранд ва бе зам кардан ба фурӯш мебароранд. Мақомоти дахлдор бошанд, дар пешгирии нархҳо оҷизанд ва парво надоранд. Аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки сиёсати нархро пеш мебарад, ҳеҷ намояндаашро надидем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *