Бо опсияҳои «Саломатӣ» аз Tcell ва BIMA Insurance ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии Шумо осонтар мешавад

Ширкати мухобиротии Tcell ва ширкати суғуртавӣ (бима)-и BIMA Insurance опсияҳои ҷадиди «Саломатӣ 5» ва «Саломатӣ 10»-ро пешниҳод менамоянд. Бо пайваст кардани опсияи «Саломатӣ» аз Tcell, муштарӣ ба таври худкор (автоматӣ) соҳиби полиси бима (суғурта) аз ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ мегардад.

Арзиши опсияҳо 5 ё 10 сомонӣ дар як моҳ буда, ин маблағи пардохти ҳармоҳаи суғурта маҳсуб мешавад. Маблағи пардохтти бима дар ҳолати садама мутаносибан 500 ва 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Опсияҳо барои пайвастшавӣ дар ҳамаи тарофаҳои Tcell дастрасанд. Фармони пайвастсозии опсияи «Саломатӣ 5» – 5885# ва барои «Саломатӣ 10» — 58810#.

Қаблан Tcell ҷадвали тарофаҳои “Саломатӣ” -ро пешниҳод карда буд. Ин намуди бима дар Тоҷикистон беназир буда, барои нахустин бор ҷорӣ мешавад. Тарофаҳои Саломатӣ тартиби суғуртаи ҳодисаҳои нохуши эҳтимолиро содда ва осонтар мекунанд, вақти корбаронро сарфа менамоянд ва хароҷоти зиёдро барои бима талаб намекунад: ба арзиши тарофаи асосӣ бо муҳтавои корбурдӣ, муштарӣ вобаста ба тарофаи интихобшуда ҳамагӣ 5 ё 10 сомонӣ пардохт мекунад.

Бо тарофа ва опсияҳои «Саломатӣ» дар сомонаи расмии Tcell: https://www.tcell.tj/ шинос шудан мумкин аст.

Маълумот бештарро дар бораи бима (суғурта) аз сомонаи BIMA Insurance: http://bima.tj/ ва ё рақами 5511 дарёфт карда метавонед.

Тарофа ва опсияҳои муносибро барои худ интихоб намуда, солим бимонед!


Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *