Аз ғалбери Лигаи олӣ-2017 кӣ гузашт?

Бозиҳои даври охирин — 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол бо боздиди дар мавсими имсола охирини дастаҳои “Истиқлол” ва “Ҳосилот” ба анҷом расид.

Дар ин бозӣ ҳамлагари беҳтарини душанбегиҳо  Дилшод Восиев се гол зада, хет-трик намуд. Фархориҳои мизбон дар ҷавоб танҳо як голи шармшикан заданд (муаллифи гол — Хайрулло Азизов. Воқеан, ӯ зарбаи ҷаримавии 11-метраро ба ҳадаф расонида натавонист). Натиҷаи вохӯрии мазкур барои ҳар ду даста муҳим набуд. Зеро “Истиқлол” пеш аз муҳлат бори шашум унвони  Чемпионаи Тоҷикистонро соҳиб шуда, “Ҳосилот” ҷойи охиринро дар ҷадвали мусобиқа касб намуд ва аз иштирок дар мавсими соли ояндаи Лигаи олӣ маҳрум гашта буд. Ба ҷойи ин даста дар соли 2018 ғолиби лигаи якуми мамлакат«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  баромад хоҳад кард.

Зинаи дуюм ва медалҳои нуқраро “Хуҷанд”-и шаҳри соҳили Сир , ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷиро КМВА “Помир”сарфароз гардиданд.

Бинобар иттилои сомонаи ФФТ, дар 84 бозии баргузоршудаи Лигаи олӣ 227 гол зада шудааст, ки ин ба ҳар бозӣ ба ҳисоби миёна 2,7 гол мешавад.

Мавсими футболи соли 2017 дар Тоҷикистон  шанбеи 2 декабр бо баргузории бозии финалии Ҷоми  Тоҷикистон байни дастаҳои “Истиқлол”  ва “Хуҷанд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  фарҷом меёбад. Оғози бозӣ соати 14.00 аст.

Чемпионати Тоҷикистон-2017.

 Ҷадвали ҷамъбастии  Лигаи олӣ

 Дастаҳо Б Ғ М Б  Т/т     Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 21 17 4 0 64-14    55
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 21 11 4 6 44-22    37
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 21 8 10 3 19-13    34
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 21 6 6 9 22-23    24
5 «Барқчи» (Хисор) 21 6 6 9 20-27    24
6 «Вахш» (қургантеппа) 21 5 7 9 17-28   22
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхи) 21 5 4 12 25-48   19
8 «Хосилот» (Фархор) 21 4 3 14 16-52    15

Нишонзанҳои беҳтарин:  Дилшод Восиев («Истиклол») – 16, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 10 тӯб.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *