Аз Душанбе то Аврупо ва Осиё. Ҳамкориҳои байналмилалии ДДТТ
Айни замон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориро бо донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон густариш медиҳад. Дар байни онҳо донишгоҳҳои Испания, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Русия, Қазоқистон, Хитой, Ӯзбекистон ва Беларус қарор доранд.
Дар ин бора имрӯз, 27 январ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки ҳамкориҳо ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам ба таври маҷозӣ амалӣ мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз барномаҳои фаъол ва серталаби донишгоҳ лоиҳаи аврупоии Erasmus+ мебошад, ки дар доираи он донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳои гуногуни табодули академӣ иштирок намуда, таҷрибаи байналмилалӣ ва малакаҳои муосири касбиро аз худ мекунанд. То имрӯз зиёда аз 100 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон дар ин барнома ширкат кардаанд.
Таъкид гардид, ки чунин барномаҳо барои довталабон имконият фароҳам меоранд, то пас аз дохил шудан ба донишгоҳ бо муҳити байналмилалии таълим, малакаҳои академӣ ва забонҳои хориҷӣ шинос шаванд.
Ҳоло раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ