Иҷрои барзиёди буҷет дар Хатлон
Соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар вилояти Хатлон бештар аз 100 дарсад таъмин гардидааст. Ин нукта зимни нишасти хабарии Сарраёсати молияи Вазорати молияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зикр шуд.
Аъзам Чиллазода, сардори ниҳоди мавриди назар дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки қисми даромади буҷет дар соли 2025 андаке бештар аз 103 дарсад иҷро гардид. Ӯ мегӯяд, аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромад ба буҷет наздики 40 миллион сомонӣ барзиёд ворид шудааст.
“Соли 2025 нақша 2 миллиарду 707 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буд. Вале он 2 миллиарду 746 миллиону 300 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақша 38 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бештар ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2024 -ум 429 миллион сомонӣ зиёд аст”,-гуфт номбурда.
Аъзам Чиллазода таъкид кард, ки давоми соли 2025 шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон нақшаи қисми даромадро пурра таъмин карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб бештар аз 115 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ