Аз одами хуб боғ монад…

“Рафтори нек мева, пиндори нек реша ва дили нек боғ аст”.

Ҳенри У. Лонгфеллоу

Пас аз шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти Ҳамза Мирсобитович Мироқилов кас фикр мекунад, ки гӯё ин гуфтор маҳз ба ӯ бахшида шудааст. Имрӯз самараи меҳнати ӯ дар ҳазорҳо гектар боғу полез мерӯяд ва хони мардумро оро медиҳад.

Имтиҳони касбият

Июли соли 1988. Дар водии Вахш гармои тоқатфарсо ҳукмрон буд…

Комиссия кишти навъҳои нави зироатҳоро тафтиш мекард. Муовини раиси Комиссияи давлатии СССР оид ба навъсанҷӣ Юрий Алексеевич Роговский, ки сахтгириву серталабиаш вирди забонҳо буд, шахсан шумораи растаниҳоро дар майдони пахта ҳисоб мекард: 132 ниҳол. Ӯ ин шумораро бо сабт дар дафтари саҳроӣ муқоиса кард: дар дафтар ҳам 132 ниҳол навишта шуда буд!

“Аҷабо, магар ин имконпазир аст?” – Юрий Алексеевич ҳайрон шуд. Санҷишро дар майдонҳои ҷуворимакка ва сорго идома доданд ва ниҳолҳоро як-як шумориданд. Боз ҳамон натиҷа.

Дар тӯли таҷрибаи 35-солаи кориам бори аввал мебинам, ки шумораи растаниҳо дар дафтар бо шумораи воқеии онҳо баробар бошад “,- иқрор шуд Роговский.

Сафаралӣ Орипов – номзади илмҳои кишоварзӣ, раиси Ассотсиатсияи агробизнес дар вилояти Хатлон, ҳамкор ва шогирди Ҳамза Мироқилов, вақте ин қиссаро ба хотир овард, бо табассум гуфт: “Дар бораи он, ки Ҳамза Мироқилов чӣ гуна навъшиноси варзида ва устои касби худ буд ва чӣ гуна саҳми бузурге дар рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон гузошт, метавонам соатҳо нақл кунам. Бисёре аз маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҳоло дастархони мардуми моро оро медиҳанд, самараи меҳнати поквиҷдононаи устод аст“.

Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз

Ҳанӯз дар замони худ бобобузурги Ҳамза Мирсобитович аввалин корхонаи коркарди пахтаро дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Қӯқанд таъсис дода буд. Падараш Мирсобит Мироқилов соли 1931 барои рушди тухмипарварии пахта ба Тоҷикистон фиристода шуд ва меҳнати шоёнаш дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо унвони “Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуда буд.

Ҳамза Мироқилов 15-уми феврали соли 1936 таваллуд шуда, аз хурдӣ мисли падараш ба сабзавоту полез ва илмҳои кишоварзӣ меҳр дошт. Волидонаш Мирсобит ва Муҳарама Мироқиловҳо кӯшиш мекарданд, ки фарзандонашон – Ҳамза, Муаззама ва Валихонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву ватанпарварӣ ва илму маърифатпарастӣ тарбия кунанд.

Падари мо ҳамеша таъкид мекард: “Бо одамон ҳамон тавре рафтор кунед, ки мехоҳед нисбати худи шумо дошта бошанд!”,- ба ёд меорад Валихон Мироқилов – додари Ҳамза Мироқилов. “Модари мо бонуи хушсавод буд, дар гимназияи русӣ таҳсил карда забонҳои лотинӣ ва русиро медонист. Вай хеле ростқавл ва принсипнок буд, аз ин ҷиҳат ӯ ва падарам ба ҳам хеле монанд буданд”.

Росткорӣ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба илм хислатҳое мебошанд, ки фарзандон Ҳамза, Муаззама ва Валихон аз волидонашон мерос гирифтаанд. Муаззама Мирсобитовна профессор, доктори илмҳои тиб ва Корманди шоистаи тандурустии кишвар буда, яке аз асосгузорони гематологияи кӯдакона дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Додари ӯ Валихон Мироқилов доктори илмҳои технологӣ мебошад ва чун декани Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази лоиҳакашӣ – конструктории Вазорати саноати сабук дар рушди соҳаи саноат ва маориф саҳми назаррас гузоштааст. Фарзандон ва наберагони ҳар се бародару хоҳар дар соҳаҳои гуногун, аз тиб то иқтисод, бомуваффақият фаъолият мебаранд.

Набояд ба хато роҳ дод!

Пас аз хатми Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон дар соли 1961 Ҳамза Мироқилов фаъолияти илмии худро дар Пажӯҳишгоҳи заминдорӣ оғоз карда, то соли 1968 бо таҳқиқоти кишоварзӣ машғул мешавад. Дар ҳамин давра, аз соли 1966 то 1968, ӯ тахассуси худро дар аспирантураи Маркази илмии Русия оид ба истеҳсоли хӯроки чорво ва агроэкологияи ба номи В. Р. Вилямс такмил медиҳад. Аз соли 1968 то 1997 Ҳамза Мироқилов дар Комиссияи давлатӣ оид ба навъсанҷии рустаниҳои кишоварзии Вазорати хоҷагии қишлоқи ИҶШС оид ба ҶШС Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Ӯ дар байни ҳамкасбонаш, ки намояндагони миллатҳои гуногун буданд, чун инсони комил ва мутахассиси баландихтисос обрӯю эҳтироми хос ба даст меорад. Саҳми ӯ дар рушди навъсанҷии кишвар он қадар бузург буд, ки мегуфтанд: “Мактаби навъсанҷии Ҳамза Мироқилов дар саросари Иттиҳоди Шуравӣ пуриқтидор ва беҳамто аст!”.

КасбиятибаландиҲамзаМироқиловро ҳамчунселексионерва навъсанҷхудиМакарАркадевичФедин- раисиКомиссияидавлатииСССРоидбанавсанҷӣтасдиқмекунад, ки дар вохӯриҳо дар Маскав пайваста таъкид мекард: «Агар хоҳед, ки дар санҷиш ва интихоби навъҳо натиҷаи назаррас ба даст оред, ба Тоҷикистон равед ва аз Ҳамза Мирсобитович омӯзед!». 

Ҳамза Мироқилов рӯйхати навъҳои зироатҳои кишоварзиро, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон дар солҳои 1974-1984 маъмул буданд, тартиб додааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар саросари ҷумҳурӣ 104 истгоҳи навъсанҷӣ таъсис меёбад. Барои такмил додани усулҳои интихоби ангур, мева, пахта ва зироатҳои ғалладона таҳқиқот гузаронида шуда, ба афзоиши ҳосилнокии онҳо дар шароити саҳроӣ, тезонидани ҷараёни навъсанчӣ, беҳтар кардани таҳлили кимиёвӣ-технологӣ дар лабораторияҳои кишварҳои ИДМ ва эҷоди навъҳои баландсифат ва серҳосил, ки ба шароити минтақавӣ мутобиқ карда шудаанд, мусоидат мекунанд. Масалан, навъҳои ҷав «Вахш-110», «Вахш-34», «Тоҷикӣ-60», ҷавдор «Вахш-116», навъи ҷави баҳорӣ «Ифтихор-86» ба шароити маҳал мусоид шуда, байни аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ маъруфият пайдо карданд. Илова бар ин, навъҳои зерини пахта ва дигар зироатҳо дар рушди истеҳсолоти ҷумҳурӣ нақши муҳими стратегӣ доштанд: 9326-B, 6249-B ва 6465-B; навъҳои гандуми Шарора, Наврӯз, Ватан, Муқтадир, Нута-зимистонӣ, Маша-Тоҷикӣ-1 ва Тоҷикӣ-2; навъи ҷуворимаккаи Шуҳрат; юнучқаи Вахш-300; пиёзи пешпапазак; ангури навъи Анзоб; пешпазаки Ҳисор ва ғ. Ҳамза Мироқилов инчунин узви Шурои илмӣ-методии селексионерҳо дар Тошканд ва Самарқанд буд. Ӯ инчунин яке аз муаллифони асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба дастовардҳои селексионӣ ва ҳимояи навъҳо”, ки 4-уми ноябри соли 1995 қабул шуда буд, ба ҳисоб меравад.

Нодида ранҷ ганҷ муяссар намешавад

Ҳамза Мироқилов зимни фаъолияташ ба ҳайси ёвари вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1998-2000 низ ба мустаҳкам кардани заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ, таҳияи барномаҳо, муаррифии Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ ва тарбияи шогирдон аҳамияти хоса додааст. Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, ки яке аз дастпарварони Ҳамза Мироқилов аст, устоди худро бо некӣ ба ёд меорад:

Бо вуҷуди ин қадар серкорӣ устод ҳамеша барои мутахассисони ҷавон вақт меёфтанд. Ҳар вақт бо масъалае ба утоқи кориашон равем, бо меҳрубонӣ қабул мекарданд, маслиҳату машварат медоданд, рӯи мизашон доимо ширинӣ буд, ҳатман чой рехта дода, “ширинӣ гиред” мегуфтанд”.

Аз соли 2001 то 2019 Ҳамза Мироқилов ҳамчун корманди илмӣ дар Институти физиология ва ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолона корҳои тадқиқотии худро идома медиҳад. Илова бар корҳои амалӣ, ӯ муаллифи мақолаҳои илмӣ низ буд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар чоп шудаанд.  

Барои меҳнати софдилона ва саҳми назаррасаш дар рушди соҳаи кишоварзӣ Ҳамза Мироқилов бо як қатор мукофотҳо мушарраф гардидааст, аз ҷумла: се медали нуқраи КХХ ИҶШС (1972, 1974, 1987), Медали Ғолиби мусобиқаи Сотсиалистӣ (1973), Медали “Барои хизмати шоиста” (1976), Медали “Собиқадори меҳнат” (1989), Ордени Дӯстии Халқҳо (1988). Ғайр аз ин, ӯ бо Ифтихорномаи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон ва унвони фахрии “Корманди шоистаи хоҷагии деҳоти ҶШС Тоҷикистон” (1988) сарфароз гардонида шудааст.

Хирадманд

“Аммаам Муаззама Мирсобитовна падарамро “хирадманд” меномид”,- ба хотир меорад духтари Ҳамза Мироқилов – номзади илмҳои тиб Максумова Зумрад Ҳамзаевна.- «Ва имрӯз ман амиқ дарк мекунам, ки то чӣ андоза ин тавсиф хислату ҳастии падарамро дақиқан инъикос мекард. Падарам бисёр сухан намегуфт, кам гап мезад, аммо ҳар як калимаашро санҷидаву баркашида, ҳамон вақт мегуфт, ки зарурати ногузири гуфтанаш ҷой дошта бошад”.

Имрӯз Ҳамза Мироқилов дигар бо мо нест. Аммо чунон ки мегӯянд, “Инсони нек ҳаргиз намемирад”. Зиндагие, ки ӯ  аз сар гузаронид, намунаи ибрат буд ва бори дигар собит сохт, ки меҳнати ҳалол, илм, некӯкорӣ ва одоби волои инсонӣ метавонад на танҳо дар саҳифаи китобу гузоришҳо, балки дар сарнавишти тамоми кишвар низ осор гузорад.

Таҳмина УБАЙДУЛЛОЕВА,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *