Аз Панҷакент то Хуҷанд. Сафаре, ки табиат, таърих ва технология ба ҳам омад

Гурӯҳи журналистон ва блогерон дар доираи як сафари эҷодию сайёҳӣ ба вилояти Суғд сафар карданд. Ин сафар 26-28 июн бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии “МегаФон Тоҷикистон”, “ZET-MOBILE”, “Tcell” ва “Вавилон-М” ташкил гардид.

Дар ин сафар рӯзноманигори сомонаи Pressa.tj ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Дилрабо Доробшоева низ иштирок намуда аз таассуроти сафар ва навгониҳои технологии ширкатҳои мобилии кишвар нақл кард.

Аз палави панҷакентӣ то марказҳои хизматрасонии “ZET-MOBILE”

Ман бори аввал ба шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан сафар кардам. Роҳҳои куҳӣ, ҳавои тоза ва манзараҳои зебо ба кас нерӯи тоза мебахшад. Махсусан, ағбаи Анзоб – сарҳади байни ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд, ки бо дарозии тақрибан 5,2 км дар баландии 2800 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, маро ба худ мафтун кард.

Мо нисфирӯзӣ ба шаҳри таърихии Панҷакент расидем. Дар ин шаҳр нахустин шуда, моро бо оши палови “Чойхонаи Абдусалом” меҳмон карданд. Пас аз нисфирӯзӣ идораҳо ва пойгоҳҳои мавҷтақсимкунии шабакаҳои мобилии “МегаФон Тоҷикистон”, “ZET-MOBILE”, “Tcell” ва “Вавилон-М”-ро боздид кардем.

Ҳамчунин, аз марказҳои хизматрасонии ширкати “ZET-MOBILE” дар Панҷакент дидан намуда, бо тарзи фаъолият, навъҳои хизматрасониҳои рақамӣ шинос гардида, бо масъулини ин марказ суҳбати ихтисосӣ анҷом додем.

Аз 2G ба 4G

Пас аз ин, мо аз пойгоҳҳои мавҷтақсимкунии ширкатҳои мобилӣ дар ҷамоати деҳоти Саразм, деҳаи Чимқалъа дидан намудем. Дар ин пойгоҳ мавҷтақсимкунаки ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ҷойгиранд.

Рӯзноманигорон бо кори истгоҳҳои базавии ширкатҳои “Tcell” ва “Вавилон-М” ошно гардиданд. Масъулини ширкатҳо аҳамияти корҳои навсозиеро, ки тӯли моҳҳои ахир дар ин пойгоҳ анҷом дода шудаанд, шарҳ доданд. Аз ҷумла, аз тарафи ширкати “Tcell” аккумулятори барқӣ барои таъмини неруи барқ дар ҳолатҳои қатъ гардидани барқ, насб шудааст.

Инчунин истгоҳи базавии алоқаи ширкати “Вавилон-М” ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, бидуни таъхир ба таъмини алоқа қодир аст. Мувофиқи маълумоти соли 2020 дар деҳаи Чимқалъа 1497 аҳолӣ зиндагӣ мекарданд.

Маълумот дода шуд, ки истгоҳҳои базавии ширкатҳои “Tcell” ва “Вавилон-М” то ҳол аз рӯйи стандартҳои 2G ва 3G фаъолият доранд. Бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ ва пешрафти технологияи мавҷрасонӣ ширкатҳои мобилии Tcell ва Вавилон-М нақша доранд, ки дар давоми сол бо навсозии комилии истгоҳҳои хеш барои сокинон стандарти насли 4G-ро дастрас созанд.

Аз сайри таърих то шиносоӣ бо пойгоҳи базавии “МегаФон Тоҷикистон”

Хатсайри сафари мо ба шаҳри таърихии Саразм идома ёфт ва иштирокдорон бо ёдгориҳои нодири таърихии ин шаҳри қади шинос шуданд.

Ба иттилои роҳбалад, Саразм беш аз 5500 сол таърих дорад ва бо ёдгориҳои беназири худ, ба мисоли ҳафриёти маъруфи “Маликаи Саразм” маъруф аст.

Баъд аз сайри таърих гурӯҳи мо ба дидани пойгоҳи базавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар маркази шаҳр роҳ пеш гирифт. Ин пойгоҳи базавӣ мавҷи баландсуръатро ба сокинон пешниҳод менамояд.

Яке аз хусусиятҳои дигари ин пойгоҳ дар он аст, ки таъиноти дугона дорад. Пойгоҳи ОДТ (Объекти дугонаи таъинот) дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ягона мебошад.

Сафари мо ба зодгоҳи сардафтари адабиёти классики тоҷик – Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ идома ёфт. Дар он ҷо аз мақбараи шоири бузур дидан намудем ва меҳмонон бо эҳтиром ба осори гаронбаҳои ӯ шеърҳо қироат кардем.

Баъди боздид аз мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои пурқимат, ба ҷониби Базаи сайёҳии Артуч раҳсипор шудем. Ин макон бо муҳити зебову ҳавои форам машҳур аст ва аз ин ҷост, ки ба иштироктодрон низ хеле писанд омад.

Аз тамошои Қалъаи Муғ то марказҳои хизматрасонӣ

Рӯзи дуюми сафар аз Базаи сайёҳии Артуч ба ҷониби шаҳри Истаравшан роҳ гирифтем. Дар ин шаҳри қадимаи ҳунармандони машҳур, ки беш аз 2500 сол таърих дорад ба тамошои Қалъаи Муғ рафтем.

Қалъаи Муғ асосан барои ҳифз кардани ҳокимияти шаҳр дар шимоли Тоҷикистон, дар асри VI- и то мелод таъсис дода шудааст. Баъдтар тақрибан асри 18 ва 19 ҳамчун бозор истифода шудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ Муғтеппа бозсозӣ шуда, ёдгориҳои он барқарор гардидаанд.

Баъдан, тибқи нақша ҳайати намояндагони ВАО бо роҳнамоии кормандони Хадамоти алоқа аз марказҳои хизматрасонӣ ва пойгоҳҳои базавии мавҷтақсимкунии ширкатҳои мобилӣ дидан намуданд.

Тибқи иттилои коршиносон, дар марказҳои хизматрасонӣ мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият намуда, барои ҳалли саривақтии муроҷиати муштариён талош меварзанд. Дар пойгоҳҳои базавӣ таҷҳизоти навтарини алоқаи барқӣ насб гардида, барои фарогирии мавҷ дар ҳар гӯшаи шаҳр нафарони дорои тахассуси баланди техникӣ вазифадор мебошанд.

Сайри таърихӣ дар Хуҷанд

Мо сафари худро шаҳри бостонии Хуҷанд идома додем. Шабро дар меҳмонхонаи “Суғдиён” рӯз кардем ва субҳи рӯзи сеюм саёҳати мо аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” оғоз гардид. Қалъаи Хуҷанд аз асри VII то асри XIX арзи вуҷуд доштааст.

Дар ҳудуди қалъа тадқиқотҳои васеъ бурда нашудаанд. Гуфта мешавад, ки даромадгоҳ ва деворҳои қалъа қисман дар охири асри XX барқарор карда шудаанд. Ин қалъа дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгир буда, ҳудуди 200 ба 300 метрро дар бар мегирад.

Ба иттилои роҳбалад, дар замони соҳибистиқлолӣ деворҳои атрофи «Қалъаи Хуҷанд» ва арку дарвозаҳои он барқарор гардида, ҳамзамон бинои гуногунтаъйинот, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шуд.

Боздид аз идораи марказии ширкати “Tcell” ва анҷоми сафар

Дар шаҳри Хуҷанд намояндагони маркази хизматрасонии ширкати “МегаФон Точикистон” ва шуъбаи кор бо мизоҷони тиҷоратӣ журналистонро пешвоз гирифтанд.

Иштирокдорон аз шуъбаҳои гуногуни ширкат ва сатҳи хизматрасонии он шинос гардида, ба онҳо маълумот дода шуд, ки аз тарафи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд даҳҳо пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G бунёд мегарданд. Таҷҳизоти пештар насбшуда нав карда мешавад.

Дар натиҷа суръати интернет баландтар ва сатҳи фарогирии шабака васеътар мегардад. Хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони шаҳру ноҳияҳо бештар дастрас хоҳанд шуд.

Инчунин рӯзноманигорон ба идораи марказии ширкати мобилии Tcell дар вилояти Суғд рафтанд. Бо роҳнамоии масъулини ширкат онҳо аз шуъбаҳои гуногуни Идораи марказии ширкати мобилии Tcell дар вилояти Суғд дидан намуданд.

Маркази тамоси ширкати Tcell, ки дар ин идора ҷойгир шудааст, ба тамоми муштариёни ширкат дар саросари кишвар хизмат мерасонад.

Дар марказҳои тамоси ширкатҳои мобилӣ фаъолият дар се баст, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисон ҳамарӯза ба ҳазорҳо занг ҷавоб мегардонанд ва мушкилоти муштариёнро саривақт бартараф месозанд.

Дар охири сафари серӯза мо ба тамошои обанбори “Баҳри тоҷик”, ки дар ҳудуди шаҳри Гулистон ҷойгир аст рафтем. Дар оби “Баҳри тоҷик” бо киштии баландсуръат саёҳат карда, аз ҳавои форами баҳр нафас гирифтем ба Душанбе бозгаштем.

Бояд қайд кард, ки ин сафар ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои “МегаФон Тоҷикистон”, “ZET-MOBILE”, “Tcell” ва “Вавилон-М” ташкил карда шуд.

Дило Доробшоева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *