Аз семинари “Тоҷикстандарт”: Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ рӯ ба афзоиш аст

Дар Агентии “Тоҷиктсандарт” бо намояндагони корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон» ва стандарти либосҳои мактабӣ СТ ҶТ 1110-2018 семинар-машварт баргузор гардид.

Муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт” Шерзода Ситора зимни баромади хеш иброз намуд, ки “Агентии “Тоҷикстандарт” дар қатори вазорату идораҳои дахлдор дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати молу маҳсулоти корхонаҳои саноати сабуки мамлакат ва дар ин замина барои рушди соҳа тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст”.

Дар семинар қайд гардид, ки айни замон истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ рӯ ба афзоиш дорад. Ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар гардад.

Дар фарҷоми машварат вобаста ба масъалаи дарҷгардида миёни намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва кормандони Агентӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *