Аз таҳти дил бихандед!
Атса
Дар маҳбас як зиндонӣ аз дигараш мепурсад:
– Ту барои чӣ ба ин ҷо омадӣ?
Зиндонии дуюм мегӯяд:
– Барои сулфа.
Зиндонии якум ҳайрон мешавад:
– Чӣ хел?
Зиндонии дуюм:
– Э ман атса задам, посбон бедор шуд.
Меҳри модар
Кӯдаке ба мураббияаш мегӯяд:
– Очаам маро сахт дӯст медоранд.
Мураббия барои кӯдакро санҷидан мепурсад:
– Ту аз куҷо медонӣ, ки сахт дӯст медорад?
Кӯдак мегӯяд:
– Барои он ки падарҳоям зуд-зуд иваз мешаванд, вале очаам маро ҳеҷ гоҳ иваз намекунанд.
Маҳбаси зан
Зане ба маҳбас ба хабаргирии шавҳараш меравад:
– Мардак, чӣ ҳол дорӣ?
Мард мегӯяд:
– Қариб ки мисли хона, хӯроки бемаззаву ба ягон ҷо рафтан мумкин нест.
Муаллими бесавод
Падар аз писараш мепурсад:
– Ҳа, писарам, хонданат дар мактаб чӣ хел?
Писарак дар ҷавоб:
– Бад. Муаллим пайваста мепурсаду мепурсад. Аз афташ худаш чизеро намедонад.
Табиб
Табиб ба марде, ки аз дари утоқаш ворид мегардад, хитоб мекунад:
– Либосатонро кашед!
Мард:
– Барои чӣ?
Табиб:
– Ман табиб ҳастам, хубтар медонам барои чӣ!
Мард либосашро мебарорад.
Табиб мепурсад:
– Шуморо чӣ ташвиш медиҳад?
Мард дар ҷавоб:
– Ман ангиштсанг овардам, дар куҷо мошинро холӣ кунам?
Туҳфа
Зан ба шавҳар мегӯяд:
– Мардак, дар зодрӯзат чӣ туҳфа мехоҳӣ?
Мард дар ҷавоб:
– Намедонам.
Зан боз мепурсад:
– Дилат чӣ мехоҳад, охир?
Мард мегӯяд:
– Ҳамсоязанро аз ошёнаи чорум.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ