Аз вохӯрӣ бо Гутерриш: Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз набуд (аудио)

Дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намудааст.

Вазири корҳои хориҷии кишвар зикр кардааст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, ба вежа дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва обу энергетика мубодилаи афкор намудаанд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, доир ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона мубодилаи афкор кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *