Аз замин то осмон. Муқоисаи нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (инфографика)

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон майли болоравӣ дорад. Сокинон нигаронанд, ки дар пайи ин метавонад нархи маҳсулоти ниёзи аввал низ гарон шавад.

Зеро гарон шудани нархи сӯзишворӣ ба тамоми бахшҳо таъсири худро мерасонад. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯш бензини навъи 92, ки онро ронандагон бештар истифода мебаранд, 11 сомонию 50 дирам бештар аст.

Аҳолӣ аз мақомоти танзиму назорат дар бозор мехоҳанд, барои пешгирӣ аз болоравии нархи сӯзишворӣ чора андешанд. Аммо масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ иддао доранд, ки маҳсулоти сӯзишворӣ дар ҷаҳон гарон шуда, Тоҷикистон ҳам истисно нест.

“Аз моҳи январ то октябри соли равон нархи як бушка нафти “Брент” аз 51 доллар ба 85 доллар расидааст. Бар замми ин, сӯзишвории дизелӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Русия аз моҳи январи соли 2021 то моҳи октябр 92 дар сад боло рафтааст», — мегӯяд Ҳабиб Абдуллозода, сардори Раёсати танзими инҳисороти табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар инфографикаи зерин ,f хонандагони сомонаи Pressa.tj арзиши воқеии маҳсулоти сӯзишворӣ дар Осиёи Марказиро шинос менамоем.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.