Қазоқистон ҳамҷинсгароиро қабул мекунад?

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ қабули қонунеро ба Қазоқистон тавсия додааст, ки ҷомеаи ҳамҷинсгароёнро аз табъиз ҳимоят хоҳад кард.

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ қабули қонунеро ба Қазоқистон тавсия додааст, ки ҷомеаи ҳамҷинсгароёнро аз табъиз ҳимоят хоҳад кард.

Намояндагони Остона дар СММ гуфтанд, Қазоқистон лоиҳаи қонуни манъи ҳама гуна табъиз таҳия кардааст, вал феълан ба порлумон нафиристодааст.

Фаъоли маданӣ ва ҳаммуассиси ташаббуси «Занон» Гулзода Сержан мегӯяд, ҳамҷинсгароён бештари вақт дар идораи пулис ва бемористонҳои Қазоқистон табъиз мешаванд.

Сержан дар ҷаласаи 40-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ низ дар бораи ин қонуншиканиҳо суханронӣ кард. Намояндаи ҳайати порлумонии Қазоқистон Тастемир Абишев гуфт, ҳамҷинсгароён бояд ба ниҳодҳои махсуси Қазоқистон муроҷиат кунанд.

Намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Қазоқистон мегӯянд, ҳатто наметавонанд барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ созмонеро таъсис диҳанд. Аз ҷумла, мақомоти қазоқ дархости ташаббуси «Занон»-ро барои сабти ном се бор рад кардаанд.

Кумитаи мазкури СММ бо нигаронӣ мегӯяд, қонунгузорӣ ва Конститутсияи Қазоқистон баъзе аз намудҳои табъиз, аз ҷумла аз нигоҳи тамоюли ҷинсиро манъ намекунад. Дар натиҷа ҳамҷинсгароён ҳангоми пайдо кардани ҷои кор, муроҷиат ба ниҳоде ё омӯзиш табъиз мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *