Ба 18 қарори раиси ноҳияи Панҷ эътироз оварда шуд

Соли 2025 ба 18 қарори раиси ноҳияи Панҷ эътироз оварда шудааст. Аз ин 6 қарор ба раиси амалкунанда таалуқ доштааст.

Иброҳимиён Акмал Комилзода, раиси ноҳияи Панҷ дар нишасти хабарӣ афзуд, ки дар умум ба 18 қарор эътирозӣ прокурорӣ оварда шудааст. Ӯ мегӯяд, аз ин 4 қарор ба қонун мутобиқ карда шудааст ва боқимонда бинобар хилофи қонун будан бекор карда шуданд. Ба таъкиди вай 6 қарор ба раиси амалкунанда таалуқ дорад.

“Пеш аз қабул шудани қарор комиссия хулоса медиҳад ва баъд қарорро ба назди раис меоранд. Ман заминсоз нестам. Кор бе камбудӣ намешавад. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ҳамин масъала кор мекунанд. Комбудӣ меёбанд, ба камбудӣ роҳ, ки додӣ бо эътирози прокурорӣ қарор бекор мешавад”, – гуфт вай.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маълумотномае мақомоти маҳаллӣ ба номояндагони ВАО пешниҳод кардааст, гуфта мешавад: “Дар соли 2025 ба 21 қарори раиси ноҳия бо сабаби ғайриқонунӣ будан аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *