Ба деҳа номи модари президентро гузоштанд

Вакилони маҷлиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон якдилона исми деҳаи Қасиқи ноҳияи Қӯрдайро ба Олҷон-она иваз карданд. Олҷон — модари президенти кунунии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев соли 1910 дар оилаи муллои деҳаи Қасиқ ба дунё омадааст. Бисёриҳо дар пушти ин амал намунаи нави шахспарастии Назарбоевро мебинанд.

Маслиҳат, ё маҷлиси вакилони вилояти Ҷамбул рӯзи 6 ноябр якдилона дар бораи ба Олҷон-Она иваз кардани номи деҳаи Қасиқи ноҳияи Қӯрдай қарор қабул кард.

Вакилони Маслиҳат бо таъкиди нақши модарон дар тарбияи фарзандон, аз ҷумла нақши Олҷон Бухорбоева дар тарбияи раҳбари кунунии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтанд, ки ин ташаббуси наҷиб як навъ арҷгузорӣ ба тамоми модарон аст.

Бино ба гузоришителевизиони Ҷамбул, аз ҷумла Масат Берик, вакили маслиҳати вилоятӣ гуфт: «Ин ҳама ҷавобгӯи мақолаи барномавии раҳбари давлат аст. Дар вилояти Ҷамбул занони шӯҳратёре зиндагӣ кардаанд, ки якеаш модари Нурсултон Абишевичи муҳтарам мебошад.”

Майрамбек Тулеберген, вакили дигари маслиҳати вилояти Ҷамбул низ гуфт, ин як пешниҳоди хеле олист ва ӯ аз пешниҳоди ба номи модари президент гузоштани исми деҳаи Қасиқ пурра тарафдорӣ мекунад: «Арзишҳои миллии ҳар давлат аз эҳтиром ба зан оғоз меёбанд. Манзара ва сурати ин деҳае, ки номи ин зани мӯҳтарамро гирифт, бояд бахусус зебо бошад. Ман фикр мекунам, ки ин ташаббус барои ҳамаи мо мояи ифтихори бузургест.”

Олҷон Бухорбоева соли 1910 дар хонаводаи Мулло Бухорбой, муллои деҳаи Қасиқи ноҳияи Қӯрдай ба дунё омадааст. Падари ӯро барои мулло буданаш дар даврони ҳукумати Шӯравӣ ба Ушқонир бадарға карданд. Олҷон дар ҳаминҷо бо Абиш Назарбоев, ки низ ба сабаби мулло буданаш бадарға шуда буд, издивоҷ кард. Нурсултон Назарбоев, ки 6 июли соли 1940 дар Ушқонир дар бадарға ба дунё омад, нахустфарзанди Абиш Назарбоев ва Олҷон буд.

Олҷон соли 1977 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид.

Дар ҳоле ки тарафдорони Назарбоев ба номи модари ӯ номгузорӣ шудани деҳаи зодгоҳи модараш дар вилояти Ҷамбулро арҷгузорӣ ба тамоми модарон ва як ташаббуси наҷиб меноманд, мунтақидон дар ин амр боз як қадами дигар ба сӯи шахспарастӣ дар Қазоқистони сохтаи Назарбоевро мебинанд. Мунтақидон мегӯянд, Назарбоев дар парастиши шахси худ ва наздиконаш ҳарчӣ бештар ба раҳбарони худкомаи Туркманистон монанд мешавад.

Раисиҷумҳури қаблии Туркманистон Сафармурод Ниёзов исми даҳҳо корхонаву каналу роҳу кӯчаву хиёбон ва ҳатто номи рӯзҳои ҳафтаву моҳҳои тақвимро ба номи худу волидонаш монда буд. Дар аҳди Ниёзов бахусус модари ӯ Қурбонсултон зиёд парастиш мешуд.

Баъди даргузашти Ниёзов дар соли 2007, вориси тахти ӯ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бисёре аз осори шахспарастии даврони Ниёзовро аз байн бурд ва аз ҷумла номҳои қаблии рӯзҳои ҳафтаву моҳҳоро баргардонд. Вале дар иваз дар Туркманистон парастиши шахси Бердимуҳаммадов ва наздикони ӯ, аз ҷумла волидонаш дар ҳоли авҷ гирифтан аст.

Дар Туркманистон мактаби рақами 27 дар шаҳраки Изгантро ба номи бобои президенти кунунӣ – Бердимуҳаммад Аннаев мондаанд. Саҳни ин мактабро ҳайкали бобои президент зиннат медиҳад.

Ҳамин тавр, қисми низомии рақами 1001 дар Ишқобод ва кохи фарҳанг дар Изгант ба номи падари ҳанӯз барҳаёти президент – Маликгулӣ Бердимуҳаммадов гузошта шуда, дар саҳни ин кохи фарҳанг ҳайкали падари президенти Туркманистонро сохтаанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин як ордени давлатиро ба шарафи падараш ордени Маликгулӣ Бердимуҳаммадов ном кардааст. Ҳафтаи гузашта гузориш шуда буд, ки дар баробари даҳҳо корманди дигари мақомоти интизомӣ ордени ба номи бобояш ба писари президент Сардор Бердимуҳаммадов низ супурда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *