Баъди ҳодисаҳои нохуш дар мактаби қирғизии Конибодом ҳамагӣ 3 хонанда монд
Муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва пасон кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти ягона мактаби тоҷикӣ-қирғизии деҳаи Санҷидзор таъсир расонидааст. Дар ин бора шаҳрдори нави Конибодом ва масъулони соҳаи маорифи шаҳр иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом, ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ ҳамагӣ 3 хонанда таҳсил доранд.
Даврон Зоҳидзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом зимни нишасти матбуотӣ 31-уми январ гуфт, ки ҳодисаҳои нохуши минтақа ба таҳсили толибилмон ва фаъолияти омӯзгорон асар кардааст.
«Ҳоло пайи ба эътидол овардани вазъ ҳастем», -афзуд ӯ.
Бино ба гуфтаи Зоҳидзода, баъди ҳодисаҳои куштор, ин мактаб зери таваҷҷуҳи махсуси мақомоти шаҳр қарор дорад ва бо дарназардошти муносибатҳои байни ду давлат фаъолияташ нигоҳ дошта шудааст.
Гуфта шуд, ки баъди баста шудани сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аксарияти сокинони қирғизтабори деҳаи Санҷидзор кучида рафтанд.
Роҳбарият изҳор дошт, ки баъди аз нав боз шудани марз миёни ин ду давлати ҳамсоя муносибатҳо хуб шуда, таълим дар ин муассиса ба ҳолати пештара бармегардад.
Ёдовар мешавем, ки посбони мактаби тоҷикӣ-қирғизии деҳаи Санҷидзор Марат Сатторовро ба ҳодисаҳои куштори баҳори соли 2024-ум дастгир кардаву ба ҳабси абад маҳкум кардаанд.
Ҳамчунин, шаби 28 ба 29-уми май дар деҳаи Санҷидзор 6 узви ду оила кушта шуданд, ки яке аз онҳо муовини директори мактаби мазкур Зулхо Иброҳимова буд.
Гумонбари дигари ҳодисаҳои куштор Бахтиёр Равшанов, ки моҳи декабр дастгир шуд, сокини ҳамин деҳа аст.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ