Барқи бархе аз минтақаҳои пойтахт қатъ мешавад
Ба иттилои “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар бархе минтақаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад.
Ба навиштаи манбаъ имрӯз, 23-уми декабр, аз соати 08:00 то 17:00 дар кӯчаҳои зерин барқ хомӯш карда мешавад:
Ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Айнӣ, Назаршоев, Мастонгулов, Камола, Баҳори, Восеъ, Чинори, Имомов;
Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Мумзин, Хатлон, Қуштеппа (1-уми май), Фалакон.
Мақомот сабаби қатъи барқ дар ин минтақаҳоро таъмири бархе зеристгоҳҳо гуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ