“Барқи тоҷик” Акбар Махсумовро аз Душанбе берун кард?

(Памфлет)

…Як моҳ мешавад, ки сокинони кӯчаи ба номи академик Акбар Махсумов (собиқ Будёний) аз дафтари шаҳри Душанбе берун афтодаанд ва ин “масъулият”-ро “Барқи тоҷик “ ба дӯш гирифтааст. Бовар намекунед? Пас, гӯш кунед.

Гузари Чаноро 2 (кӯчаи Акабар Махсмумов) дар як шабонарӯз чандин соат аз гирифтани барқ маҳруманду ин неъмати пойтахт ба онҳо дастрас нест. Сокинон ҳайронанд, ки чаро дар кӯчаи шафат, ки ҳамагӣ 5 метр аз Махсумов дур аст, барқи доимӣ ҳасту аз онҳо нест? Сари ин масъала хабарнигори шумо хост равшанӣ андозад ва бори аввал ба навбатдори барқи ноҳияи Шоҳмансур занг зад (телефони 227-10-12). Пас аз “банд аст”-ҳои зиёд ниҳоят ин дари баста боз шуду садои навбатдор баромад. Ӯ кӯтоҳакак ҷавоб дод: “Садама шудагӣ… Барқарор мекунанд…”. Дубора занг задему гуфтем, ки наход ҳар рӯз ва он ҳам дар соатҳои муайян садама шавад? Охир ин ба “режим” монанд ку!? Навбатдор ҷавобе нагуфта, гӯширо монд.

Ин мушу гурбабозӣ чанд рӯз идома кард ва мо ҳам бо ҳамраъйӣ бо дигар сокинон зангҳои пай дар пайро идома додан гирифтем. Ниҳоят, ин пурсишҳои мо, ки дарди сари навбатдорони барқи ноҳияи Шоҳмансур шуда буд, як нафар аз эшон тоқат накарда, хост ин дарди сарро бо дигарон якҷоя бинад ва гуфт: “Ба шаҳрӣ занг занед, мо супориши онҳоро иҷро мекунем… Телофони тамос бо онҳо 227-27-27…”.

Ана ёфтем, ки решаи барқ дар куҷост. Як занг мезанем, “об ба лаби ҷӯй баробар мешавад”, яъне, бо дуои сокинон ва ғайрати барқчиён дигар “садамаҳои сунъӣ” руй намедиҳанд. Хестед, ки хобатон! Шояд ин рақам ҳам сунъӣ буд, ки ба ҷуз “гуд-гуд”-и кӯтоҳе чун нафаскашии бемори КОВИД, овозе намебаровард. Яъне гуфтанист, ки “ман, ки медонум, хапум”. Ин ҳолат низ чанд рӯз идома ёфт ва сокинони маҳалла ва кӯча бо роҳҳои дигар рақами аз ин болотарро ёфтанд, яъне рақами “Барқи болобарқи тоҷик “-ро ёфтем. Ин рақам 778-88-60-21 буд. Мусоҳиби мо, овози занонае бо дилсӯзии зиёд шикояти моро шунида (ҳатто дар баъзе ҳолатҳо, вақте ки аз сардии хонаҳо ва кӯдакони хунукхӯрдаи гаҳвора сухан мерафт, муҳоли гиря мекард), ваъда кард, ки сабаби чунин ҳолатро бо сардорон якҷо меёбанду баъд занг мезананд. Шояд сабаби воқеии онро ёфтанд, ки онҳо низ ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, чанд рӯз на гӯширо бардоштанду на аз худ дараке доданд. Мо низ аз ин кор хаста нашуда, пайи ҳам занг мезадем. (Охир, Раиси шаҳрамон барои он дар ин ниҳод навбатдор гузоштаанд, ки ба пурсишҳои мардум ҷавоб гӯянд!). Ниҳоят нафаре худро муаррифӣ накарда, баъд аз шунидани арзамон гуфт: “Маконе, ки шумо мегӯед, “проблемний” аст ва дар он ҷо “частичний” режим ҷорӣ карда шудааст”. То ҳол нафаҳмидем, ки ин “проблемнияш” чист ва чаро “частичний”?

Боз як хислати барқи Чаноро 2 дар он аст, ки дар ҳолати буданаш ҳам, “Тефал”-ҳои таърифӣ обро бо “суръати кайҳонӣ” дар муддати 1 соат — 1 соату 20 дақиқа меҷӯшонанд ва ҳатто компютерҳои замонавӣ ҳам бо ин барқи бемаҷоли 140-150-волта мадори кор карданро надоранд. Борҳо сокинон дар мавриди насби як трансформатори иловагӣ ба дастандаркорони барқ муроҷиат намуданд, вале аз санг садо шуду аз онҳо не. Сокинони аз ин беадолатӣ ба танг омада ҳоло орзуи аз бонкҳо пул қарз гирифта, гов хариданро доранд. Зеро ба онҳо экстрасенси машҳури тоҷик Холиқназар Ҷумъазода гуфтааст, ки ин ҳолат то баҳор идома меёбад ва чизи аз ҳама даркорӣ ва ғамхори онҳо дар ин фасл танҳо “таппии гов” шуда метавонад. Ба саволи он, ки магар дар шаҳр говпарварӣ мумкин аст, ӯ дар навбати худ ба савол бо савол ҷавоб гуфтааст, ки магар дар шаҳре, ки пойтахти кишвар аст, режими барқ ҷорӣ кардан иҷоза т аст? “Шумо сокинони “обхокиед”, яъне дар манъ кардан шаҳриеду дар иҷозат додан ба режим деҳотӣ! Равед, аз паси кори худ шавед!”. Инак, сокинон паси кори худ шуданд ва ҳалли ин масъаларо ба виҷдону имони онҳое ҳавола карданд, ки онҳоро “обхокӣ” кардаанд. Онҳо умедворанд, ки Раиси дилсӯзу кордони шаҳр ба додашон мерасаду таноби дастандаркоронро мекашад ва Акбар Махсумовро дубора ба шаҳр бармегардонад. Охир, як акдемики хизматкардаро аз шаҳр берун кардан кори хубе нест…

А. АҲМАДЗОДА,

журналист                 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *