“Барқи тоҷик”: Таъмини барқ дар моҳи Рамазон беҳтар мешавад

Раиси Ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода мегӯяд, беҳтар шудани реҷаи таъмини барқ ба аҳолӣ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори “Норак” ва ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Ӯ имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, бо вуҷуди ин, интиқоли барқ дар моҳи Рамазон, ки 18-уми феврал оғоз мешавад, нисбат ба ҳолати кунунӣ беҳтар хоҳад шуд.

Аммо Асозода дақиқ нагуфт, ки маҳдудият то чӣ андоза сабук мешавад ва аҳолӣ чанд соати бештар барқ мегирад. Ба гуфтаи ӯ, соатҳои иловагӣ дар рӯзи оғози Рамазон бо назардошти сатҳи оби обанбор ва резиши об муайян шуда, тибқи супориши ҳукумат иҷро карда мешаванд.

Раиси “Барқи тоҷик” иттилоъ дод, ки то 3-юми феврал сатҳи оби обанбори “Норак” каме бештар аз 885 метрро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 сантиметр баландтар аст. Ба гуфтаи ӯ, ҷараёни об ба дарёи Вахш низ айни ҳол аз меъёри миёна зиёдтар мебошад. Мақомот мегӯянд, нуқтаи баландтарини обанбор 910 метр ва нуқтаи пасттарини он 857 метр аст.

Қаблан вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа низ ваъда дода буд, ки дар моҳи Рамазон реҷаи интиқоли барқ пурра риоя мешавад ва эҳтимол аҳолӣ бештар бо барқ таъмин шавад. Ӯ ҳам таъкид карда буд, ки ҳаҷми таъминот аз резиши об вобаста аст ва айни ҳол аҳолӣ ҳамарӯза тақрибан 7 соат-субҳ аз 5:00 то 8:00 ва шом аз 17:00 то 21:00 барқ мегирад.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *